Чӣ гуна метавон муайян кард, ки бонк ба мушкил печидааст, то сари вақт дар бораи баргардонидани пул ва саҳмҳои гузоштаи худ андеша кард, ё аз ҳамкорӣ бо ин бонк даст кашид? Кӯшиш кардем ба таври сода шарҳ диҳем.
Радабандиҳо
Яке аз аломатҳое, ки шахсро бояд ба эҳтиёту андеша водор намояд, бад шудани мавқеи бонк дар радабандиҳои байнулмилалӣ аст, аз ҷумла радабандиҳое ба мисли Standard & Poors, Moody’s Fitch Ratings.
Арзёбии радабандии бонкҳо низоми таҳқиқи ҳамаҷониба ва муқоисавии ташкилотҳои қарзӣ тибқи нишондиҳандаҳои асосии молиявӣ мебошад. Ғайр аз ин, бо радабандиҳое низ вохӯрдан мумкин аст, ки бар асоси хулосаҳои коршиносӣ, масалан, дар бораи сифати мудирият, таҳия мешаванд.
Аксаран барои таҳияи радабандиҳо маълумоти тавозун ва ҳисоботи даромаду зарар истифода мешавад. Мавзӯи асосии таҳқиқ муайян кардани эътимоднокии қарзӣ мебошад.
Ҳар як агентӣ барои арзёбӣ аз методологияи хоси худистифода мебарад ва натиҷаҳои баҳодиҳиашро дар як доираи муайян баён мекунад. Маъмулан ин ифодаи ҳарфӣ дар доираи аз "AAA" то "D" мебошад, ки аввалӣ сифати аз ҳама баланди сандуқи қарзӣ ва охирӣ – хавфи аз ҳама баланди сатҳи пеш аз қарз (дефолт)-ро нишон медиҳад.
Одатан бонкҳо радабандиҳоро дар сомонаҳояшон ҷой медиҳанд. Вале дар Тоҷикистон на ҳама бонкҳо чунин маълумотро нашр мекунанд. Бархе ҳатто лозим намедонанд, ки арзёбиҳои агентиҳои радабандиро манзур кунанд.
Нишондиҳандаҳо
Аломатҳои бад шудани вазъияти бонкро ҳамчунин аз рӯи нишондиҳандаҳои он, ки бояд дар сомонаҳои онҳо ва Бонки миллӣ нашр шавад, метавон пайгирӣ кард. Нишондиҳандаҳо аз дороиҳо, сандуқи қарзӣ, уҳдадориҳо, сармоя ва даромаду хароҷот иборатанд.
Ин ҷо ба чӣ бояд таваҷҷуҳ кард?
Дороиҳо моликияте мебошанд, ки ба бонк тааллуқ доранд. Онҳо аз ҳисоби сармояи бонк ва маблағи саҳмгузорон, қарзҳои байнибонкӣ ва ба муомилот баровардани коғазҳои қиматнок ташаккул меёбанд. Барои арзёбии дороиҳо тамоюли тағйироти онҳоро дар дурнамои якчанд сол, нимсола ё моҳҳо баррасӣ кардан зарур аст.
Дар вазъияти муътадил онҳо бояд бо суръати мутавозину миёна афзоиш ёбанд ё дар сатҳи пешина боқӣ монанд. Агар ба андозаи 15% поинравӣ вуҷуд дошта бошад, пас ин аломати бад аст. Афзоиши баланд бошад, рушди фаъоли бонк ё ҳамроҳшавии дигар ниҳодҳои молиявиро ба он нишон медиҳад.
Сармоя - ифодаи пулии ҳамаи моликияти дар ихтиёрдошта аст, ки ба бонк тааллуқ дорад. Чӣ қадре, ки ин рақам баландтар бошад, ҳамон қадр бонк қодир аст, ки ба берунравии пулу воситаҳо тобовар бошад. Сармоя бар асари зиёнҳои расида ё ташкили заҳираҳо аз рӯи қарзҳои додашуда метавонад кам шавад. Поинравии нишондиҳанда ба андозаи бештар аз 15% метавонад барои бонк хавф дошта бошад.
Сандуқи қарзӣ. Ҳиссаи сандуқи қарзӣ дар дороиҳои бонк маъмулан дар ҳудуди аз 50 то 80% нигоҳ дошта мешавад. Сатҳи қарзҳое, ки баргардониданашон ба таъхир афтодааст, набояд аз 10% зиёд бошад.
Аммо дар низоми бонкии Тоҷикистон тайи ду соли ахир ҳиссаи қарзҳои батаъхирафтода зиёд шуда, дар аввали соли ҷорӣ ба 24% расид ва ҳамзамон сатҳи кифоягии сармояро поин бурд. Ин аз хавфҳои баланд барои бонк гувоҳӣ медиҳад.
Пасандоз. Ҳаҷми пасандоз нишондиҳандаи муҳимест, ки коҳиши он аз бонкро тарк кардани мизоҷон гувоҳӣ медиҳад. Агар ҳиссаи пасандозҳо дар воситаҳои ғайрифаъол (сармояи худии бонк ва маблағҳои самҳгузорон) аз 25% зиёд бошад, пас ин бозгӯи вобастагии баланд аз пасандозҳо мебошад. Дар ин ҳолат, агар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба гирифтани пулҳояшон аз суратҳисобҳо оғоз кунанд, бонк осебпазир мешавад.
Агар бонк аллакай муфлис бошад, бо маблағҳои гузошта чӣ мешавад?
Дар сурати ба вуҷуд омадани душвориҳои молиявӣ, дастрасӣ ба пасандозҳоро метавонанд маҳдуд кунанд. Чунин маҳдудиятҳоро масалан, тайи чанд сол инҷониб саҳмгузорони “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” эҳсос карданд ва то ҳол даъвои онҳо бо бонк поён наёфтааст. Дар ин мавридҳо одатан ба мизоҷон лозим меояд, ки бекор шудани маҳдудиятҳоро интизор шаванд ё албатта, агар имконият бошад, пулҳоро қисм-қисм гиранд.
Ҳамчунин дар сурати бозхонди иҷозатномаи бонк низ ҷиҳати дастрасӣ ба пасандозҳо метавонад мушкилӣ рӯйи кор ояд. Дар ин ҳолат метавон вазъиятеро хотиррасон намуд, ки “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” ба он дучор шуданд.
Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, ҳама гуна амалиёти хароҷоти марбут ба суратҳисобҳо баъди аз иҷозатнома маҳрум шудани бонк боздошта мешаванд. Бо қарори додгоҳ маъмури махсусе таъин мешавад, ки дар қатори дигар дигар амалҳо, аз ҷумла баргардонидани саҳмҳоро низ таъмин кунад.
Дар муддати як моҳ пас аз судури қарори додгоҳ, ба саҳмгузорон бояд пасандозҳои то 35 ҳазор сомонӣ тибқи ҷуброни суғуртавӣ баргардонида шаванд. Ин маблағҳо аз Фонди кафолати саҳмҳои шахсони воқеӣ ҷудо мешаванд, ки дар маблағгузории он ҳамаи бонкҳои тиҷоратӣ иштирок мекунанд.
Аз ҳисоби дороиҳои бонки пардохтнопазир бошад, дар навбати аввал хароҷоти додгоҳ пардохт мешавад. Минбаъд қарзҳо аз маоши кормандони бонк пардохт карда мешавад. Сипас ҳукумат (Вазорати молия) ва Бонки миллӣ дар навбат қарор доранд. Ва танҳо пас аз ин навбати шахсони воқеӣ мерасад.
Ҷараёни барҳамдиҳӣ метавонад ду сол идома ёбад. Дар сурати зарурат, қонунгузорӣ имкон медиҳад, ки бо қарори додгоҳ муҳлати он боз як сол дароз карда шавад.