Тоҷикистон мавқеи худро ба сифати яке аз пешсафони содироти хушкмева аз Осиёи Марказӣ мустаҳкам мекунад. Дар семоҳаи аввали соли 2025 ҳаҷми содирот зиёда аз 26,5 ҳазор тонна ба маблағи беш аз 9,4 млн долларро ташкил дод.

Мувофиқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод, то охири сол ҳаҷми содирот дар муқоиса бо соли 2024 ба андозаи 12% ва арзиши он - 16% боло меравад.

Соли 2023 ҳаҷми содирот 81,8 ҳазор тонна ва соли 2024 - аллакай 90,1 ҳазор тоннаро ташкил дод. Бозорҳои асосии фурӯш кишварҳои ИДМ, Олмон, Чин ва Туркия боқӣ монданд. Зиёда аз 70%-и содирот ба Русия ва Қазоқистон рост меояд.


 

Дар сохтори содироти хушкмеваи Тоҷикистон маъмулан зардолуқоқ, мавиз, олуқоқ, анҷир ва чормағз мавқеи асосиро ишғол мекунанд.

Қобили зикр аст, ки ба рушди ин соҳа айни замон рақобат аз ҷониби Туркияву Эрон, Афғонистону Ӯзбекистон, душвориҳои логистикӣ ва афзоиши хароҷот монеъа эҷод мекунанд. Аммо рушди технологияи хушксозӣ ва бандубаст, инчунин тавсеъаи хатсайрҳои содиротӣ дурнамоҳои нав боз намуда, бозори хушкмеваро ба яке аз ояндадортарин дар минтақа табдил медиҳанд.

Инак, дар зарфи 2 соли охир мо чӣ қадар хушкмева содир кардаем?


Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.