Пойгоҳи тиҷорати электронии "Wildberries" фаъолияти худро дар Тоҷикистон расман аз 19-уми апрел оғоз кард. “Азия-Плюс” бо Рафаэл Абрамян, директори департаменти рушди тиҷорати байнулмилалии ҶДММ “РВБ” суҳбат кард, то ки аз тарзи кори "Wildberries" дар кишвар, интизориҳои харидорон ва сабаби гарон будани арзиши расонидани молу маҳсулот огаҳӣ ёбад.

Ҳоло дар Душанбе 2 нуқта (кӯч. Абулқосим Лоҳутӣ, 15 ва кӯч. Пӯлодӣ,43) ва дар Хуҷанд 1 нуқта (кӯч. Камоли Хуҷандӣ, 138)-и ироаи фармоишҳои "Wildberries" дар Тоҷикистон кор мекунанд. Вале чаро ширкат тасмим гирифт, ки маҳз ҳозир ба бозори фурӯш дар Тоҷикистон роҳ ёбад?

Рафаэл Абрамян шарҳ медиҳад, ки ин иқдом ҷузъе аз стратегияи мантиқӣ ва пай дар пайи "Wildberries" оид ба густариши фаъолияти ширкат дар Осиёи Марказӣ аст.

“Wildberries чанд сол аст, ки дар Осиёи Марказӣ фаъолият дошта, дар Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон кор мекунад. Аз ин рӯ, роҳ ёфтани мо ба бозори дар ҳоли афзоиш қарордоштаи Тоҷикистон, ки дар ин ҷо тамғаи моро ба хубӣ медонанд, як иқдоми мантиқист. Дар ин ҷо мо имконоти бузурги ин навъи тиҷоратро мушоҳида мекунем ва мутмаинем, ки модели бесобиқаи мо дастрасии харидоронро ба номгӯйи васеи молҳо таъмин мекунад”, - иброз дошт ӯ..

Ӯ таъкид дошт, ки ширкат маъмулан аз шаҳрҳои бузург - марказҳои иқтисодии дорои талаботи зиёд ба тиҷорати электронӣ ва хидматрасониҳои логистикӣ оғоз мекунад. Маҳз чунин равишро дар Тоҷикистон низ истифода бурдем.


 

Дар минтақаҳо низ амалӣ мешавад?

Рафаэл Абрамян тасдиқ кард, ки рушди шабакаи нуқтаҳои супурдани фармоишҳо ба нақша гирифта шудааст, лекин ҳамаааш ба ҷараёни тиҷорат вобаста аст.

“Афзоиши ҳаҷми фурӯш ва зиёд шудани нуқтаҳои фаъоли супурдани фармоишҳо дар пайи  он, аз афзалиятҳои мо маҳсуб ёфта, он дар навбати худ ба арзон шудани логистика, рушди зерсохтори мо дар маҳалҳо ва дар ниҳояти кор ба камшавии муҳлатҳои расонидани бор барои мизоҷ оварда мерасонад. Бешубҳа, мо рушди шабакаро дар саросари кишвар дар назар дорем, лекин ҳадафи мо зиёд кардани шумораи онҳо нест. Дар ҳамдастӣ бо шарикамон DC Market мо дар навбати аввал ба ҷараёни рушди тиҷорат ва ҳаҷмҳои ҷории фурӯш таваҷҷуҳ хоҳем кард”, - шарҳ дод ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, "Wildberries" ҳадафи амиқтар дорад - ҳамгироӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва таъсир барои беҳбуди муҳити корӣ.

 

Кадом номгӯйи молу маҳсулот дар Тоҷикистон дастрас аст?

Ширкат дастрасии харидорони маҳаллиро ба молу маҳсуло маҳдуд намекунад. Абрамян таъкид дошт, ки интихоб дар Тоҷикистон низ мисли Русия васеъ хоҳад буд.

“Ба мизоҷон дар Тоҷикистон номгӯйи пурраи моле, ки дар Русия ба харидррон дастрас аст, пешниҳод мешавад, ки зиёда аз 8 миллион номгӯйро дар бар мегирад. Танҳо молҳое, ки воридоташон ба Тоҷикистон манъ ва маҳсулоти бузургҳаҷм, масалан мебал истисност”, - шарҳ дод намояндаи ширкат.

Ғайр аз ин, дар ояндаи наздик Wildberries ҷалби фурӯшандагони тоҷикро ба платформа дар назар дорад, то ки номгӯй аз ҳисоби маҳсулоти маҳаллӣ, бахусус маснуоти ҳунармандии мардумӣ ва маҳсулоти нассоҷӣ зиёд шавад, ки метавонад аудиторияи байнулмилалиро ҳавасманд созад.


 

Бор аз куҷо оварда мешавад ва он чӣ гуна сурат мегирад?

Ҳоло расонидани бор мустақиман аз Русия ба роҳ монда шудааст. Wildberries дар Тоҷикистон анбор ё марказҳои тақсимот надорад.

“Дар ҳамин ҳол, пайдо шудани маҳсулоти маҳаллӣ дар платформа зерсохтори марбутаи логистикиро тақозо мекунад. Дар ҳамдастӣ бо шарикон аз DC Market умедворем, ки ин масъаларо мусбат ҳал мекунем”, - зикр кард Рафаэл Абрамян.


 

Расонидани бор

Айни замон расонидани бор дар 10-14 рӯз сурат мегирад. Ширкат ният дорад, ки ин муҳлатро то 6-7 рӯз кам кунад. Лекин айни замон нигаронии харидорон асосан ба арзиши расонидан вобаста аст. Ва он табиист: зимни анҷоми расмиёти фармоиш дар сомона маблағи расонидан ҷудогона зикр шуда, баъзан ғайриинтизор хеле баланд ва дар баъзе ҳолатҳо аз нархи худи бор зиёдтар аст.

“Ин ҷо зикр кардан муҳим аст, ки арзиши расонидани бор ба таври инфиродӣ барои ҳар кадоме аз фармоиш ҳисоб карда мешавад. Ба он лгистика, андоза ва вазни мол таъсир мерасонад. Барои мо таъмини шаффофияти нархгузорӣ барои мизоҷон зарур аст, аз ин рӯ, арзиши расонидани бор дар сабад алоҳида нишон дода мешавад”, - гуфт Абрамян.

“Нархи мол барои фурӯш дар Тоҷикистон ва Русия дарвоқеъ ҳам метавонад фарқ кунад, лекин начандон зиёд. Ин ба он вобаста аст, ки зимни фурӯши моле, ки аз Русия фиристода шудааст, дар нарх интиқол ба масофаҳои дур ба назар гирифта мешавад”, - шарҳ дод ӯ.

Чаро логистика ин қадр гарон меафтад? Нарх барои як килограмм чӣ гуна ҳисоб мешавад ва бастаҳо бо кадом роҳ расонида мешаванд - бо ҳавопаймо, қатора ё нақлиёти автомобилӣ, дар ширкат саҳеҳан посух надоданд.

 

Кадом тарзҳои пардохт дастрасанд?  

Wildberries пули нақд қабул намекунад. Лекин пардохт тариқи онлайн дар ҳаҷми пурра амалӣ мешавад:

“Барои харидорон аз Тоҷикистон мо се навъи пардохторо таъмин кардем: кортҳои Dushanbe City, кортҳои МИР-и Русия, инчунин кортҳои низоми байнулмилалии пардохти Visa. Пардохт бо пули нақд пешбинӣ нашудааст, зеро ба сифати ширкати инноватсионӣ мо ба рушди хидматгузориҳои онлайн дар ҳамаи бозорҳои ҳузурдоштаамон такя мекунем”.

Барои фармоишҳо дар Wildberries аз Тоҷикистон доштани сабтиноми фаъол дар Душанбе Сити зарур аст. Яъне шумо бояд замимаи фаъоли мобилии DC Next дошта бошед, ки ба аккаунти Wildberries пайваст кардани он лозим аст.


 

Пардохт баъди пӯшидану андоза кардан ҳоло нест

Маркетплейс алҳол танҳо бо пешпардохт кор мекунад. Аммо имкони пешакӣ пӯшидану андоза кардан дар оянда мавриди баррасӣ қарор дорад:

“Чун дар ин марҳила мол аз Русия оварда мешавад, маркетплейс танҳо тариқи пешпардохт кор мекунад. Мо рӯйи он кор карда истодаем, ки пардохт пас аз пӯшидану андоза гирифтан имконпазир гардад, зеро ин иқдом яке аз афзалиятҳои калидии харидҳо дар Wildberries ва ҳамеша писанди мизоҷон буд. Аз муҳлатҳои мушаххаси роҳандозии пӯшидану андоза гирифтан сухан гуфтан ҳоло барвақт аст”, - иброз дошт Абрамян.

 

Сомона ва замима бо забони тоҷикӣ ҷорӣ мешавад?

“Ҳозир сокинони Тоҷикистон дар замимаи расмӣ ва сомонаи Wildberries.tj бо забони русӣ фармоиш дода метавонанд. Ояндаи наздик интерфейс (муҳтаво)-и платформа ва кортҳои молҳо ба забони тоҷикӣ тарҷума карда мешаванд. Бахши мубодилаи асъор (конвертер) аллакай кор мекунад, нархи мол бо сомонии тоҷикӣ нишон дода мешавад”, - зикр кард мутахассис.


 

Имконот барои тиҷорати маҳаллӣ

Wildberries ба соҳибкоргоне, ки молу маҳсулоти худро тариқи платформа фурӯхтан мехоҳанд, дастгирӣ ваъда медиҳад.

“Wildberries барои тиҷорат имкониятҳои беназир пешниҳод мекунад. Системаи содаву тези пардохтҳо ва ҷой надоштани ҳаҷми ҳадди ақалли фурӯшҳо маркетплейсро барои тиҷорати хурду миёна бахусус ҷолиб месозанд. Ҳамзамон бо роҳандозии фурӯши маҳсулоти тоҷирони тоҷик, мо ифтитоҳи мактаб барои соҳибкоронро дар нақша дорем. Он аз тренингу семинарҳои ройгон оид ба пешбурди тиҷорат дар маркетплейс иборат хоҳад буд, ки дар онҳо мо дар бораи роҳу воситаҳои бозорёбӣ (маркетинг), воситаҳои пешбурди савдо, тарзи кори платформа ва боз бисёр дигар масоили вобаста ба он маълумот медиҳем”,- мегӯяд Рафаэл Абрамян.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.