Сарфи назар аз мавҷудияти имконот ва манобеи бузурги барқароршавандаи энергия (МБЭ), бахши электроэнергетикаи минтақаи Осиёи Марказӣ аз сӯзишвории истихроҷшаванда вобаста боқӣ мемонад. Вазъ чӣ гуна аст ва бо кадом роҳ метавон онро ислоҳ намуд?

Агентии байнулмилалии манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия (IRENA) маҷмӯаи навбатии солонаи омориро оид ба манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар ҷаҳон (Renewable capacity statistics 2025) ба нашр расонид.

Маълумоти дар гузориш нашршуда аз манбаъҳои гуногун, аз ҷумла омори расмии миллӣ, пурсишномаи агентӣ, ҳисоботи иттиҳодияҳои соҳавӣ ва мушовирон, инчунин васоити ахбори умум (ВАО) дастрас шудаанд.

Мувофиқи маълумоти чопшуда, давоми солҳои 2015-2024 кишварҳои Осиёи Марказӣ дар гузаштан ба энергетикаи “сабз” ба комёбиҳои муайян ноил гардиданд, лекин бахши энергетика мисли пешин бештар “сурх” боқӣ мемонад.

Танҳо чанде аз кишварҳои минтақа равиши доимии гузаштан ба манбаъҳои барқароршавандаи энергияро нишон дода, баъзе давлатҳои дигар бо иқдомҳои начандон назаррас маҳдуд шудаанд.

Соли 2024 иқтидори умумии насбшудаи иншооти манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар минтақа ба 19 583 МВт (бо назардошти 2 МВт-и Туркманистон) баробар шудааст, ки ҳамагӣ 47% зиёдтар нисбат ба соли 2013 (13 324 Мвт) мебошад.

 

Ин ҳам дар ҳолест, ки иқтидори умумии насбшудаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар қораи Осиё ба сурати умум 3,3 баробар (аз 722,7 ГВт дар соли 2015  - то 2382 ГВт дар соли 2024) афзудааст.

IRENA (International Renewable Energy Agency) - ташкилоти байнулмилалиест, ки қароргоҳаш дар Абу-Дабӣ воқеъ буда, соли 2009 барои дастгирии истифодаи ҳама гуна шаклҳои манбаъҳои барқароршавандаи энергия таъсис дода шудааст. Ба ташкилот 170 кишвари саросари дунё шомиланд, аз ҷумла ҳамаи давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ. Боз 14 кишвар дар марҳилаи ҳамроҳшавӣ қарор доранд.

 

Ӯзбекистон

Миёни кишвраҳои Осиёи Марказӣ тайи ин солҳо аз ҳама бештар Ӯзбекистон ба афзоиши иқтидорҳои МБЭ - зиёда аз 2,7 баробар даст ёфтааст.

Чунин афзоиши назаррас бо бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 2275 МВт, нерӯгоҳҳои барқи обӣ (НБО) - 511 МВт ва нерӯгоҳҳои бодӣ (шамолӣ) - 500 МВт шарҳ дода мешавад.

Ҳиссаи МБЭ дар иқтидори умумии электроэнергетикии кишвар дар ин давра аз 14,2% то 24,4% боло рафтааст.

 

Қазоқистон

Қазоқистон низ иқтидори насбшудаи иншооти МБЭ-ро нисбатан зиёд кард - ба андозаи 93,1% (аз 2807 МВт дар соли 2015 то 5419 МВт дар соли 2024).

Нерӯгоҳи барқии бузург дар Қазоқистон - ГРЭС-1-и Экибастуз, ки бо ангишт кор мекунад
Сурат: bkzn.ru

Афзоиш асосан аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳҳои нави бодӣ (бо иқтидори 1336 МВт), офтобӣ (1139 МВт) ва НБО (132 МВт) сурат гирифтааст.

Ҳиссаи МБЭ дар иқтидори умумии электроэнергетикии кишвар аз 13,2% дар соли 2015 то 22% дар соли 2024 зиёд шудааст.

 

Тоҷикистон

Аз лиҳози иқтидори насбшудаи иншооти МБЭ дар минтақа Тоҷикистон пешсаф боқӣ мемонад, ҳарчанд давоми солҳои 2015-2024 ба Тоҷикистон муяссар шуд, ки чунин иқтидорҳоро ҳамагӣ ба андозаи 15,8% - аз 4957 МВт то 5738 МВт зиёд кунад.

Тибқи маълумоти IRENA, ҳиссаи иншооти МБЭ дар иқтидори умумии электроэнергетикии ҷумҳурӣ дар ин давра аз 92% дар соли 2015 то то 88,9% кам шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати энергетикаи Тоҷикистон зикр мекунанд, ки “айни замон 98%-и нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикӣ истеҳсол шуда, аз рӯи ҳиссаи энергияи “сабз” аз манбаъҳои барқароршаванда ҷумҳурӣ дар зинаи 6-ум дар ҷаҳон қарор дорад.

Аммо тибқи маълумоти Агентии омори ҶТ, соли гузашта (2024) 92,6%-и нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дар ҳаҷми начандон назаррас дар неӯгоҳҳои офтобӣ (ҳамагӣ 1,2 млн кВт/соат)  истеҳсол шудааст.

Шояд зери мафҳуми “айни замон” дар Вазорати энергетика давраи баҳору тобистонро дар назар дошта бошанд, ки дар ин вақт марказҳои барқу гармидиҳӣ (иқтидори умумии насбшуда бо назардошти Марказ дар Ёвон 718 МВт) кор намекунанд.

НБО Норак дар Тоҷикистон
Сурат: Asia-Plus

 

Қирғизистон

Иқтидори насбшудаи МБЭ дар қирғизистон тибқи маълумоти IRENA, баръакс ба андозаи 11,4% - аз 3677 МВт дар соли 2015 то 3258 МВт дар соли 2024 кам шудааст. Инро ба аз истифода хориҷ кардан (қатъи кор)-и баъзе иқтидорҳои гидроэнергетикӣ мансуб медонанд.

НБО Тухтагул дар Қирғизистон
Сурат: gdb.rferl.org

Ҳиссаи энергияи “сабз” дар ҳаҷми умумии иқтидорҳои электроэнергетикии кишвар аз 85,3% дар соли 2015 то 77,9% дар соли 2024 коҳиш ёфтааст.

 

Имконоти истифоданашуда

Осиёи Марказӣ минтақаи дорои имконоти баланд дар соҳаи МБЭ - аз гидроэнергетика ва нерӯи офтобӣ то энергияи бодӣ ва захираҳои геотермалӣ - шуморида мешавад.

Ба туфайли мавқеи ҷуғрофӣ, рӯзҳои зиёди офтобӣ, мавҷуд будани дарёҳои кӯҳӣ ва ҳамвориҳои васеъ, кишварҳои минтақа бо шароитии зарурии табиӣ барои рушди устувори энергетика таъминанд.

Мувофиқи таҳқиқоти Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, имконоти техникии гидроэнергетикии кишварҳои минтақа ҳудуди 542 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил медиҳад, ки ба чунин миқдор ба кишварҳо рост меояд:

- то 317 млрд кВт*с - ба Тоҷикистон;

- 142 млрд  кВт*с - ба Қирғизистон;

- 83 млрд кВт*ч - ба се кишвари дигар минтақа.

Сарфи назар аз ҳаҷми хеле зиёд дар минтақа, қисми зиёди ин имконот азхудношуда боқӣ мемонад.

"

"

Бино ба маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 5% ва дар Қирғизистон - каме бештар аз 10%-и чунин имконот истифода мешавад.
Насби панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон
Сурат: e-plus.media

Боз яке аз самтҳои ояндадор энергетикаи офтобӣ дониста мешавад. Имконоти техникии нисбатан бештари ин самт дар Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст - то 3,76 млрд МВт. Ӯзбекистон ва Туркманистон мутаносибан метавонанд то 180 ва 210 ҳазор энергияи офтобӣ истеҳсол кунанд.

Нишондиҳандаҳо дар Тоҷикистон ва Қирғизистон пасттаранд, лекин ба таври кофӣ назаррас мебошанд, то ки талаботи дохилии энергетикиро таъмин созанд.

Энергетикаи бодӣ нобаробар аст: имконот боз дар Қазоқистон бештар аст - то 354 ҳазор МВт. Дар Ӯзбекистону Туркманистон ва баъзе ноҳияҳои Қирғизистон минтақаҳои дорои шароити мусоид ҳастанд, вале онҳо ҳоло хеле суст истифода мешаванд.

Панелҳои офтобӣ дар Қирғизистон
Сурат: zhaikpress.kz

Дар робита ба энергияи геотермалӣ бошад, имконот бештар дар Қазоқистону Ӯзбекистон зиёдтар аст - мутаносибан то 54 ҳазор ва 1 ҳазор МВт. Ба ин самт ҳоло таваҷҷуҳи лозима зоҳир намешавад, лекин барои гармидиҳӣ ва таъмини барқ дар минтақаҳои ҷудогона метавонад захираи муҳим шавад.

Ба ин монанд биоэнергетика низ бар асоси партовҳои кишоварзӣ ва органикӣ метавонад роҳи ҳалли масъала барои қаламравҳои камбуди барқ дар деҳот бошад.    

"

"

 

Аз имконот ба амал

Тавре ки мебинем, сарфи назар аз имконоти бузург, ҳиссаи воқеии манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар тваозуни энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле паст боқӣ мемонад.

Миёни монеъаҳои асосӣ таҳлилгарон зерсохтори кӯҳнашуда, ҳамоҳангсозии нокофии байнидавлатӣ, заминаи заифи қонунгузорӣ ва дастрасии маҳдуд ба сармоягузориҳоро номбар мекунанд.

Мутахассисон иддаъо мекунанд, ки бидуни сиёсати ҳадафмандона, дастгирии ниҳодӣ ва маблағгузории байнулмилалӣ мавриди истифода қарор додани имконоти энергетикии минтақа хеле оҳиста ва дер муяссар хоҳад шуд.

Дар шароити хатарҳои ҷаҳонӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва нияти кам кардани вобастагӣ аз сӯзишвории истихроҷӣ кишварҳои минтақа имкон доранд, ки дар дигаргуншавии энергетикии АВруОсиё ҷойгоҳи муҳим касб кунанд. Лекин барои муваффақ шудан ба ин ҳадаф, онҳоро лозим аст, ки аз имконот ба амал гузаранд.

Гап сари он аст, ки Осиёи Марказӣ на танҳо  ба таъмини талаботи энергетикии худ қодир аст, балки метавонад ба содиркунандаи бузурги энергияи сабз табдил ёбад. Мавриди истифода қарор додани ин имконот иродаи сиёсӣ, сармоягузориҳои стратегӣ ва таҷдиди техникиро тақозо мекунад.

Дар шароити тамоюли ҷаҳонӣ дар мавриди аз байни бурдани партоби газҳои гулхонаӣ (декарбонизатсия) ва амнияти энергетикӣ, минтақа имкони бесобиқа дорад, танҳо истифода аз он муҳим аст!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.