Таносуби ҳиссаи амалиёти гирифтани пули нақд ва пардохти ғайринақдии молу маҳсулот ва хидматрасониҳо бо истифода аз воситаҳои электронии пардохт дар Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон аз 69,4% ба 30,6%-ро ташкил додааст, ки 4,6 банди фоизӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад.
“Амалиётҳои ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) аз рӯи шумора 40,7 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 76,4 фоиз афзоиш ёфтааст”, - омадааст дар хабари БМТ.

Ба иттилои манбаъ, ба ҳолати 31 марти соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 8,6 млн адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шудааст, ки 21,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 аст.

Зиёда аз нисфи кортҳои нашршуда ба низоми миллии пардохти “Корти миллӣ” (54,1%) ва қисмати боқимонда - ба низомҳои байнулмилалии пардохти VISA, Mastercard, ExpressPay ва UnionPay (21,5%), кортҳои муштараки низомҳои пардохти ExpressPay ва “Корти миллӣ” (21,6%), инчунин кортҳои дохилии ташкилотҳои қарзии кишвар (2,8%) рост меоянд.

То охири моҳи марти соли 2025 теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзӣ 12,7 млн ададро ташкил медиҳад, ки 32,8 фоиз зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мебошад.
