Мақомоти кишвар эътироф мекунанд, ки паси рақамҳои таъсирбахш оид ба рушди саноат номувозинатӣ дар низом нуҳуфтааст, ки ба сӯйи истеҳсолу истихроҷи ашёи хом равона будани иқтисоди кишвар, ишора мекунад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш зимни суханронӣ назди раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ изҳор намуд, ки саҳми асосӣ  ба афзоиши баланди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар зарфи 4 моҳи соли равон (25,2%) ба соҳаи истихроҷ рост меояд, ки ҳаҷми он қариб ду баробар зиёд шудааст. Ӯ таъкид дошт, ки саноати коркард ҳамагӣ ба андозаи 3,5% афзудааст.

Яке аз омилҳои асосии коҳиши суръати онро президент камшавии истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ номид, аз ҷумла:

- нахи пахта - ҳамагӣ 10,8 ҳазор тонна;

- матоъи пахтагин - 1,4 млн метри мураббаъ.

Чунин вазъият ба гуфтаи ӯ, вобастагии саноатро ба истихроҷи ашёи хом таъкид месозад ва ба мушкилот дар занҷираи арзиши иловашуда ишора мекунад.

Президент зикр кард, ки аз моҳи январ то апрел дар ҷумҳурӣ 121 корхонави нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, аммо дар чанде аз шаҳру навоҳии вилоятҳои Хатлону Суғд ягон корхона ё коргоҳи нав боз нашуд.

Ин боиси “нигарони сарвари давлат буда, ба камфаъолиятии шахсони масъул дар маҳалҳо” ишора мекунад.

Илова бар ин, зикр кард ӯ, дар ин давра 159 корхона фаъолияти худро қатъ крадаанд, ки самаранокии ба истифода додани корхонаҳоро паст месозад.

Миёни омилҳое, ки боис ташвишанд, сарвари давлат ба гунаи мисол мавҷуд набудани истеҳсоли сарулибоси мактабиро дар бисёре аз минтақаҳо зикр кард, ки ба ақидаи ӯ, метавонад ба суботи иҷтимоӣ пеш аз оғози соли нави хониш таъсир расонад.

Дар ин робита сарвари давлат чунин супоришҳо дод:

- Вазорати саноат ва технологияҳои нав, идораҳои соҳавӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маҷмаааҳои нави нассоҷӣ бунёд созанд;

- афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бо арзиши иловашудаи баланд таъмин карда шавад;

- ба ҷалби сармоягузориҳои ватанӣ ва хориҷӣ, ҷорисозии технологияҳои муосир муосидат карда шавад;

- супоришҳои қаблӣ оид ба коркарди ашёи хоми ватанӣ ва рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот иҷро карда шаванд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, зиёда аз 80%-и содирот дар зарфи 4 моҳи аввали соли равон аз маҳсулоти ашёи хом аз қабили фулузот (металлҳо)-и арзон (алюмини аввалия) ва маҳсулоти минералӣ (маъдану консентрат, семент, нерӯи барқ, ангишт ва ғайра), нахи пахта иборат аст.
Сарвари давлат дар яке аз корхонаҳои нассоҷӣ
Акс аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Чаро ин бад аст?

Мувофиқи маълумоти дар боло зикршуда, саноати Тоҷикистон мисли пешин ба истихроҷ ва содиротиашёи хом нигаронида шуда, имконоти саноати коркард бошад, бахусус дар минтақаҳо истифоданошуда боқӣ мемонад.

Иқтисодчиён мегӯянд, рушди саноат, ки аксаран ба истихроҷ ва содироти ашёи хом асос ёфтааст, барои рушди устувори иқтисоди кишвар метавонад хавфи ҷиддӣ ба бор орад.

Онҳо якчанд сабабҳои калидиро, ки мувофиқи онҳо чунин модел дар дурнамои дарозмуҳлат хавфнок ва бесамар дониста мешавад, ҷудо мекунанд.

1. Осебпазирии иқтисодӣ

Вобастагӣ ба содироти ашёи хом иқтисоди кишварро ба тағйироти нарх хеле ҳассос месозад. Вақте ки нархи ашёи хоме, ки ба фурӯш гузошта шудааст, поин равад, пас буҷети кишвар дарҳол маблағҳоро талаф медиҳад. Ин ба таҳияи нақшаҳои дарозмуҳлат ва маблағгузорӣ ба дигар соҳаҳо халал мерасонад.

2. Рукуди саноати коркард

Таваҷҷуҳ ба истихроҷи захираҳо бисёр вақт бо рушди нокофии соҳаҳои коркард ҳамроҳ аст. Ин истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи баландро маҳдуд сохта, рақобатпарзирӣ дар бозори ҷаҳониро коҳиш медиҳад ва ба пешрафти технологӣ монеъа эҷод месозад.

Яъне вақте ки ашёи хом танҳо ба хориҷи кишвар содир мегардад, кишвар аз даромаде, ки метавонист аз коркард ва фурӯши маҳсулоти тайёр ба даст орад, маҳрум мешавад.

Ғайр аз ин, ин рушди технология ва саноатро дар маҷмӯъ бозмедорад.

3. Маблағгузории нокофӣ ба сармояи инсонӣ

Иқтисоди ба ашёи хом асосёфта қувваи кории нисбатан камтар ҳирфаӣ талаб мекунад, ки ин метавонад ба коҳиши сармоягузорӣ ба соҳаи маориф ва илм боис гардад. Дар навбати худ, ин рушди технологияҳои инноватсиониро маҳдуд сохта, сатҳи умумии сармояи инсониро дар кишвар коҳиш медиҳад.

Ба ибораи дигар, барои истихроҷ ва фурӯши ашёи хом мутахассисони зиёд лозим нестанд (хеле оқилу доно будан ҳам зарур нест). Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба маорифу илм ва тайёр кардани кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намешавад. Ин рушду такмили дониш ва идеяҳои навро дар дохили кишвар бозмедорад.

4. Оқибатҳои экологӣ

Истихроҷ ва содироти ашёи хом аксар вақт ба зиёни экологӣ, аз ҷумла ифлосшавии муҳити зист (ҳаво, об ва хок) ва фарсудашавии захираҳои табиӣ боис мегардад. Ин метавонад ба мушкилоти дарозмуҳлати марбут ба солимии аҳолӣ ва паст шудани сифати зиндагӣ оварда расонад.

ТАЛКО - истеҳсолкунандаи асосии маҳсулоти содиротии Тоҷикистон - алюминии аввалия
Сурат аз торнамои gdb.rferl.org

Гуногунсамтӣ тақозо мешавад

Иқтисодчиён гузариш аз модели ашёи хом ба иқтисоди нисбатан гуногунсамтро, ки ба рушди саноати коркрад, технология ва хидматрасониҳо асос ёфта бошад, хеле муҳим мешуморанд.

Ва чӣ қадар тезтар бошад, боз хубтар. Ин ба бунёди сохтори иқтисодии бештар устувор, камтар осебпазир ба омилҳои беруна имкон дода, тақсимоти нисбатан баробари даромадҳоро таъмин мекунад.

Аз ҷумла, рушди соҳаҳои коркард ба фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуда, инноватсияҳоро ҳавасманд месозад ва имконоти содиротии кишварро беҳтар мекунад.

Маблағгузорӣ ба маориф ва илм сармояи инсониро мустаҳкам мекунад, ки асос барои рушди дарозмуҳлати иқтисодӣ мебошад.

Хулоса

Коршиносон зикр мекунанд, ки фурӯши ашёи хом метавонад хеле зуд даромад орад, лекин агар кишвар бихоҳад, ки рушдаш устувор ва тӯлонӣ бошад, бояд саноати коркард, соҳаҳои технология ва хидматрасониҳоро тақвият диҳад. Ин ба бунёди иқтисоди бештар устувор ва гуногунсамт, ки танҳо ба як-ду захираҳо вобаста нест, имкон фароҳам меорад.

Онҳо мегӯянд, вақте ки ашёи хом дар дохили давлат коркард мешавад, ҷойҳои нави корӣ пайдо мешаванд, содирот рушд ва густариш ёфта, рақобатпазирӣ зиёд мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.