Фонди саудии рушд барои сохтмони роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб 30 миллион доллар ҷудо кардааст. Созишномаи лоиҳа миёни Фонди саудии рушд ва ва Вазорати молияи Тоҷикистон имрӯз, 3-юми июлба имзо расидааст.

Дар ин бора аз Сафорати Арабистони Саудӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Роҳи ҳалқавии Кӯлоб 14,5 километр дарозӣ дорад, ки мувофиқи нақша бояд дар асоси стандарти байналмилалии сохтмони роҳ сохта шавад. Роҳи мазкур дар шоҳроҳи байналмилалии Тоҷикистон - Чин ҷойгир аст ва “бинобар ин, дар рушди логистикаи минтақавӣ нақши муассирро иҷро карда, дар ин масир ҳаракати нақлиётро беҳтар менамояд”.

Гуфта мешавад, ки дар доираи лоиҳа сохтмони ду шоҳроҳ, ду пул, истгоҳи боркашии нақлиёти вазнин ва техникаи роҳсозӣ дар назар аст.

Харитаи роҳе, ки сохта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз, 3-юми июл Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни дидор бо Султон Абдурраҳмон ал-Маршад, раиси Фонди саудии рушд дар Душанбе бобати ҷудо кардани 130 миллион доллар барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” ва бунёди роҳи ҳалқавии шаҳри Кӯлоб сипосгузорӣ кард.

Ҷонибҳо ҳамчунин, масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.

“Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими соҳаҳои маориф, нақлиёт, тандурустӣ, гидроэнергетика ва идоракунии об аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот буд”, - гуфтааст хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Бояд гуфт, Фонди Саудии Рушд дар Тоҷикистон то имрӯз лоиҳаҳои бузургеро ба маблағи умумии 325 миллион доллар амалӣ намудааст ва роҳандозии тарҳи сохтмони “Роҳи ҳалқавии Кӯлоб” 14-ум лоиҳаи бузурги ин кишвар ба ҳисоб меравад.

Ёдовар мешавем, ки Фонди саудии рушд аз аввалин ниҳоди сармоягузории байналмилалӣ буд, ки барои сохтмони НБО "Роғун" 100 млн доллари қарзи бебозгашт дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.