Дар зарфи 5 моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,35 млн долларро ташкил додааст, ки аз нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб зиёдтар аст. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, ҳаҷми содирот аз ҷумҳурӣ ба Қирғизистон ба 1,59 млн доллар расида, воридот аз кишвари ҳамсоя ба 4,76 млн доллар баробар аст.
Барои муқоиса, давоми моҳҳои январ-майи соли 2024 ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ҳамагӣ 405,1 ҳазор долларро ташкил дода буд. Ба ин тариқ, афзоиш зиёда аз 15 баробарро ташкил медиҳад.
Коршиносон ин афзоишро ба барқарор шудани муносибатҳои сиёсӣ ва омодагии фаъолона ба сафари президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба Душанбе рӯзҳои 8-9 июл бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рабт медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки тайи даҳ соли охир савдо миёни ду кишвар ҳам давраҳои рушд ва ҳам коҳиши назаррасро паси сар кард. Ҳаҷми бузургтарини савдои дуҷониба дар солҳои 2018–2019 ба қайд гирифта шуд, вақте ки гардиши умумии молу маҳсулот қариб ба 60 млн доллар расида, беш аз 48 млн доллар ба воридот аз Қирғизистон ва зиёда аз 14 млн доллар ба содирот аз Тоҷикистон рост меомад.
Аммо шурӯъ аз соли 2020 коҳиши устувор оғоз гардид. Дар соли 2021 ҳаҷми савдо то 26,2 млн ва, соли 2022 — то 15 млн доллар коҳиш ёфта, соли 2023 - он ҳамагӣ 11,4 млн долларро ташкил дод. Соли 2024 нишондиҳанда дар сатҳи ҳадди ақалли худ - 11,6 млн доллар боқӣ монд.
Дар соли 2025 пешрафти мусбат мушоҳида мешавад. Ба назари таҳлилгарон, афзоиши фаъолиятҳои иқтисодии хориҷӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳалли масъалаи муайян кардани сарҳади давлатӣ ва боз шудани ду гузаргоҳи марзӣ, фаъол шудани муколамаи сиёсӣ ва қабули як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ вобаста аст.
Рӯзи 30 июн дар Чолпон-Ота дар доираи сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ҳамкории иқтисодиро густариш бахшида, гардиши молро то ба 500 млн доллар расонанд. Аз аввали сол аллакай 15 созишнома, аз ҷумла оид ба сарҳад ба имзо расида, дар самти наздикшавии сиёсиву башардӯстона иқдомҳо рӯйи даст гирифта шуданд.





Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Муҳоҷирати меҳнатии бехатар. Чӣ гуна метавон аз доми фиреби қаллобон эмин буд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 декабри соли 2025
Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста