Дар моҳи июли соли 2025 нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба поинтарин сатҳи панҷ соли охир расид. Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсол ва содироти пахтаро афзоиш медиҳад. Дар соли 2025 интизор меравад, ки ҷамъоварии пахта то 390 ҳазор тонна расад (дар соли 2024 — 253,3 ҳазор тонна ё худ 58,2% аз 434 ҳазор тоннаи пешбинишуда).
Даромад аз содирот аз чор як ҳисса зиёд мешавад. Аммо мол дар бозор хеле зиёд буда, талабот кам ва нархҳо ноустуворанд. Бидуни гузаштан ба коркарди амиқ ва бахши кишоварзии устувор, кишвар метавонад ҳамчун як замимаи ашёи хом дар занҷираи зараровар боқӣ монад.
Тибқи маълумоти "Trading Economics", фючерсҳо аз сатҳи 60 сент барои як фунт поён рафта, рекорди манфии моҳи майи соли 2020-ро такрор карданд. Ҳарчанд то 6 июл нархҳо ба таври рамзӣ то 66,93 сент барои як фунт барқарор шуданд (+0,01% дар як рӯз), сохтори бозори ҷаҳонӣ ҳамоно ба фишори устувори поинравӣ ишора мекунад.
Афзоиши истеҳсол дар ИМА, Ҳиндустон ва Бразилия
Дар ИМА пешгӯии ҳаҷми истеҳсоли пахта барои мавсими солҳои 2024–2025 ба 18,9 млн той (тюк) баробар аст, ки нисбат ба соли гузашта 5,9 фоиз зиёдтар мебошад. Захираҳо дар ҳамин ҳол, дар сатҳи рекордӣ арзёбӣ мешаванд — 10,1 млн той (то 1 июн), ки баландтарин нишондиҳанда аз соли 2018 ба ин сӯ мебошад. (1 той - 217 кг 724 гр).
Ҳамзамон дар Ҳиндустон мавсими шамолҳои мавсимӣ (муссонҳо) барвақттар оғоз ёфт — аз 24 май, яъне тақрибан як ҳафта пештар аз меъёри солҳои қаблӣ. Ин ба деҳқонон бартарии аввалия дод: масоҳати кишти пахта ба андозаи 8 фоиз афзоиш ёфт. Бразилия бошад, бо истифода аз заъфи пули миллӣ (аз моҳи январ қурби реал нисбат ба доллар то 10% поин рафт), дар давраи моҳҳои феврал-июн 12,4 млн той пахта содир кард. Ин нишондиҳандаи рекордӣ имкон дод, ки бори аввал аз ИМА пеш гузарад.
Чин харидро кам карда, арзонтарашро интихоб мекунад
Чин, ки бузургтарин воридкунандаи пахта дар ҷаҳон аст, пас аз мусолиҳаи муваққатии тиҷоратие, ки аз 2 апрел то 9 июл амал кард, харидҳоро аз ИМА хеле кам кард. Ба ҷои пахтаи амрикоӣ, Пекин ба таҳвилгарон, ки нархи мусоидтар доранд, аз ҷумла Бразилия ва Ӯзбекистон, бартарӣ дод. Дар шароити фаровонии пешниҳод ва талаботи устувор (вале на рӯ ба афзоиш), ин қарор фишори ҷаҳониро ба нархҳо бештар кард.

Пешгӯии таносуби захираҳо ба истеъмол дар сатҳи ҷаҳонӣ аз 68% боло аст, ки ин нишондиҳандаи нигаронкунанда барои ҳар гуна маҳсулоти ашёи хом буда, аз фаровонӣ ва коҳиши талабот дарак медиҳад.
Тағйири афзалиятҳои истеъмолӣ: пахта бар зидди синтетика
Пас аз пандемияи COVID-19 ва буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, саноати нассоҷӣ ҳарчи бештар аз пахтаи табиӣ даст кашида, ба алтернативаҳои синтетикӣ (сунъӣ) ба мисли полиэстер ва нахҳои сунъии дигар рӯ меорад. Ин мавод арзонтар, технологитар ва ба тағйироти талабот устувортар мебошанд. Ҳарчанд онҳо ба муҳити зист бештар зарар расонанд ҳам, сарфи назар аз ин, ширкатҳо судоварӣ (фоидаоварӣ)-ро интихоб мекунанд.
Ин раванд талабот ба пахтаро коҳиш медиҳад, зеро нахи табиӣ дигар ҳамчун меъёри универсалӣ ба ҳисоб намеравад, бахусус дар шароити рақобати шадид дар бозорҳои кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта.
Чӣ гуна поинравии нарх ба Тоҷикистон таъсир мерасонад?
Дар Тоҷикистон пахта ҳамоно яке аз соҳаҳои муҳими содирот боқӣ мемонад. Аммо вазъи кунунӣ дар бозор ба даромадҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Бино ба маълумоти давраи моҳҳои январ–майи соли 2025, маблағи умумии содироти пахта ва маснуоти он 111,3 млн долларро ташкил додааст, ки аз он:
– 81% – нахи коркардашудаи пахтаи хом (90 млн доллар);
– ришта (калоба) – 16,4 млн доллар;
– матоъ – 4,6 млн доллар;
– партовҳои пахта – 146 ҳазор доллар мебошанд.
Ин омор бори дигар самти ашёи хом доштани содиротро тасдиқ мекунад. Натиҷаи талошҳо барои афзоиши содироти маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ (ришта, матоъҳо) то ҳол маҳдуд аст.
Ба ин тариқ, поинравии нархҳои ҷаҳонӣ ба пахта Тоҷикистонро ба ҳолати осебпазир мегузорад: бо вуҷуди афзоиши истеҳсол ва содирот, кишвар ҳамоно аз содироти ашёи хом бо арзиши иловагии паст вобаста мемонад.




