Яке аз калонтарин корхонаи истеҳсоли орд дар кишвар, ки тибқи ваъдаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бояд моҳи марти соли равон ба кор медаромад, то ҳол ба кор шуруъ накардааст.
Қурбоналӣ Қурбонзода, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сабаби ба кор оғоз накардани корхонаро ба мушкили техникӣ рабт дод ва ваъда кард, ки "рӯзҳои наздик ба кор медарояд". Вале мушаххас нагуфт, ки он кай ба кор сар мекунад.
“Корхона пурра азнавсозӣ шуда, тамоми таҳҷизот, аз ҷумла, хатҳои истеҳсолӣ ба технологияи наву замонавӣ иваз карда шуд. Гуфта метавонем, ки пурра омодаи кор аст ва рӯзҳои наздик ба кор медарояд”,- гуфт муовини раис дар нишасти хабарӣ чанд рӯз пеш.
Ин дар ҳолест, ки Рустам Холиқзода, раиси ин ноҳия дар моҳи феврали соли ҷорӣ, гуфта буд, ки корхонаи мазкур моҳи марти соли равон ба кор медарояд. Вале маълум мешавад, ки дар ин мущлат корхона ба кор о-оз накардааст.
Бояд гуфт, ки корхонаи истеҳсоли орд дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (собиқ Қолхозобод) яке аз калотарин корхонаҳои истеҳсоли орд на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафт. Иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 500 тонна орди навъҳои гуногун мебошад. Баъди пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ чанд соли дигар то андозае фаъолият кард, вале дигар аз кор бозмонд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста