То 1-уми июли соли 2025 ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон ба $3,6 млрд расидааст, ки ба 21,4% Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар мебошад. Ин иттилоъро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 8 август баён кард.
Аз ин маблағ, $3,1 млрд (88%) ба қарзи хориҷӣ рост меояд, ки 18,7% ММД-ро ташкил медиҳад. Қарзи дохилӣ $422 млн (12% ММД)-ро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи давлатӣ низ $3,6 млрд буд, ки он замон ба 25,2% ММД кишвар баробар буд.
Чин ҳамоно қарздиҳандаи бузургтарин Тоҷикистон боқӣ мемонад
Дар нимсолаи аввали соли 2025 барои пардохти қарзи давлатӣ $224,4 млн харҷ шудааст, ки аз ин $184,6 млн барои пардохти қисми асосии қарз ва $39,8 млн барои пардохти фоизҳои қарзҳо равона гардид.
Бо ин вуҷуд, вазири молия гуфт, “Тоҷикистон имконияти гирифтани қарзҳои иловагӣ то то 60 фисади ММД-ро дорад ва ин барои рушди минбаъдаи молиявии кишвар зарур аст”.
Ба гуфтаи Файзиддин Қаҳҳорзода, Чин ҳамоно бузургтарин қарздиҳандаи кишвар боқӣ мемонад. Дар ин давра қарзи Чин аз $1 млрд то тахминан $700 млн коҳиш ёфтааст.
Ғайр аз Чин, Тоҷикистон дар назди созмонҳои молиявии байналмилалии молиявӣ, мисли Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд қарздор аст.

Чӣ гуна Тоҷикистон хатарҳои қарзи давлатиро идора мекунад?
Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки Тоҷикистон дар доираи “Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ барои солҳои 2024–2026” хатарҳои асосӣ, ки бо қарзи давлатӣ вобастаанд, идора мекунад.
Вазир гуфт, ки хатари аввал, ин номуназзамми қурби асъор аст аст. Ба гуфтаи ӯ, 88% қарзи хориҷӣ бо асъорҳои хориҷӣ гирифта мешавад, бинобар ин ҳукумат нақша дорад ҳиссаи маблағгузории дохилиро дар сомонӣ зиёд кунад. Ин амал ба коҳиши хатарҳои асъорӣ мусоидат мекунад.
“Хатари дуюм - хатари фоизӣ. Барои кам кардани он, қисми зиёди қарзҳо бо меъёри фоизи собит ҳифз карда мешаванд. Хатари сеюм - хатари бозтамвил. Ҳукумат муҳлатҳои пардохти қарзҳоро беҳсозӣ намуда, стратегияҳои дарозмуддати ҷалби маблағро таҳия мекунад, то ин хатар кам гардад. Хатари чорум- хатари амалиётӣ. Он бо беҳтар намудани низомҳои иттилоотӣ ва омӯзиши кадрҳо ба ҳадди ақал расонида мешавад. Ин тадбирҳо ба таъмини суботи молиявии кишвар ва идоракунии хатарҳои қарзӣ равона шудаанд”, - гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.
Тибқи ин нишондиҳандаҳо, қарзи давлатӣ набояд аз 60% ММД зиёд бошад.




