Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар паёми табрикотии худ ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки имрӯз, 14-уми октябр таҷлил мешавад, нақши соҳибкоронро дар рушди иқтисодӣ таъкид карда, ба тавсеаи хидматрасониҳои электронӣ ва саҳми ин қишр дар бунёдкориҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.
Раиси Кумитаи андоз гуфтааст, ки соҳибкорон дар ҳама давру замон “ба ҳайси нерӯи созандаи иқтисодиёт” шинохта шудаанд ва фаъолияти онҳо барои рушди иқтисодии давлат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум “нақши муҳим ва калидӣ” дорад.
Тавсеаи хидматрасониҳои электронӣ
Нусратулло Давлатзода ишора кардааст, ки дар мақомоти андоз ба рақамикунонии соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад, ки ин ба беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, баланд бардоштани сатҳу сифати хидматрасониҳои давлатӣ ва содаву қулай намудани риояи қонунгузории андоз равона шудааст.
Дар робита ба ин, Кумитаи андоз ба андозсупорандагон ва шаҳрвандон намудҳои зиёди хидматрасониҳои электрониро пешниҳод намудааст. Аз ҷумла, ҳоло имкониятҳои зерин тариқи электронӣ ба роҳ монда шудаанд:
- Гирифтани маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ;
- Ба таври электронӣ кушодани суратҳисоби бонкӣ;
- Дар шакли электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз;
- Ирсоли ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда дар шакли электронӣ;
- Азназаргузаронии ҳисобот ва тартиб додани санади муқоисавӣ;
- Истифодаи ҳисобкунаки андоз;
- Тафтиши ҳуҷҷатҳо тариқи электронӣ.
Раиси Кумитаи андоз таъкид кард, ки дар назар аст дар ин самт тадбирҳои нав андешида шаванд, ки ба хотири содаву қулай намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ва халалдор насохтани фаъолияти соҳибкорон равона шудааст.

Саҳми муассири соҳибкорон дар бунёдкорӣ
Нусратулло Давлатзода зимни таҳнияташ гуфт, ки соҳибкорон на танҳо дар рушди иқтисод, балки дар корҳои ободонии мамлакат низ “нақши бузург” доранд.
Ӯ гуфт, танҳо дар се соли охир бо саҳми соҳибкорону сокинони мамлакат ба теъдоди зер иншооти “ҳаётан муҳим” бунёд ва ба истифода дода шуданд:
- Зиёда аз 1 ҳазору 500 иншооти соҳаи маориф (дабистону мактаб);
- 660 иншооти соҳаи тандурустӣ:
- 480 иншооти варзиш;
- 175 иншооти фарҳангу фароғат;
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 14-уми октябр Рӯзи соҳибкорон эълон шудааст. Меъёри мазкур аз соли 2015 ба Қонун “Дар бораи рӯзҳои ид” низ илова шуда, ҳамасола дар тамоми қаламрави кишвар таҷлил мегардад.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 ноябри соли 2025
Нурулло Абдуллоев: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов тамоми Тоҷикистон мотам дошт”
“Муаллими пиёда”. Қиссаи омӯзгоре, ки барои дарсгӯӣ 5 километр роҳро пиёда тай мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 ноябри соли 2025
Гулҷаҳон Бобосодиқова: “Ҳоло вақти хонашинӣ нарасидааст”
Маконҳои зебои Душанбе ва атрофи он барои аксбардории домоду арӯс
Парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Самарқанд пурра бекор шудаааст
Тоҷикистон лоиҳаҳои сармоягузории худро дар нишасти тиҷоратии Осиёи Марказӣ ва ИМА муаррифӣ кард
Ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷа, таваҷҷуҳ ба зеҳни сунъӣ ва “либоси номувофиқ”. Ректорҳои навтаъин чӣ нақшаҳо доранд?
Мақомоти Қазоқистон 53 мусофири тоҷикро аз сардӣ наҷот додаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста