Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дирӯз, 14-уми октябри соли равон дар ҳамоиши байналмилалии сармоягузории "Dushanbe Invest–2025" гуфтааст, ки аз 12 фулузот (металл)-и муҳим барои гузариш ба иқтисоди “сабз”, Тоҷикистон 10-тои онро дорад. Шашто аз ин фулузот аллакай дар ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд.
“Мо барои худ муайян кардем, ки дар занҷираи нави таҳвили фулузоти нодир иштирок мекунем”, - иброз доштааст ӯ.
Фулузоти муҳим ё худ калидӣ барои гузариш ба иқтисоди "сабз" ашёи хоми минералӣ мебошанд, ки ивази онҳо масалан, дар низомҳои энергияи таҷдидшаванда (нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ, мошинҳои барқӣ ё худ электромобилҳо) ғайриимкон аст.
Вазир зикр кардааст, ки дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ танҳо се корхонаи истеҳсоли фулузоти нодир амал мекарданд, ки дутои онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ва яктоаш дар Русия буд.
Ӯ гуфтааст, ки барои таъмиру навсозии ин корхонаҳо бо ширкатҳои ҷаҳонӣ гуфтушунидҳо ҷараён доранд.
“Ман итминони комил дорам, ки дар ояндаи наздик мо ба натиҷаҳои хеле хуб даст меёбем”, - афзудааст Шералӣ Кабир.
Ӯ таъкид кардааст, ки аз ҷумла, сурма барои гузариш ба иқтисоди “сабз” хеле муҳим аст.
“Аз лиҳози захираҳои сурма Тоҷикистон дар мавқеи дуюм қарор дорад. Дар мо чор корхонаи истеҳсоли сурма дар марҳилаи коркард қарор доранд. Яке заминаи фанниву иқтисодӣ таҳия карда, дигаре бо корҳои таҳқиқотӣ машғул аст ва сохтмони сеюмаш идома дорад”, - зикр кардааст Шералӣ Кабир.

Вазир таъкид доштааст, ки Тоҷикистон аллакай ба истеҳсоли мис, ки барои иқтисоди”сабз” хеле муҳим аст, оғоз кард.
“Мо истеҳсоли онро бамаротиб зиёд кардан мехоҳем. Дар ин масъала ман мавқеи мушаххасу дақиқ дорам, барои афзоиши истеҳсоли мис сармоя ҷалб мекунем”, - гуфтааст вай.
Вазъи ба истеҳсоли тилло дар кишварро Шералӣ Кабир хуб арзёбӣ карда, гуфтааст, ки "ҳаҷми истеҳсоли он ҳар сол 20% зиёд мешавад".
Вазир ҳамчунин иттилоъ додааст, ки ҳаҷми захираҳои никел ва литий низ хеле зиёд аст.
“Мо якумин кишвар дар фазои ИДМ хоҳем шуд, ки дар он литий истеҳсол мешавад”, - изҳор доштааст ӯ.
Корхонаҳое мисли “Анзоб” ва “Талко голд”-ро вазир “на танҳо бозигарони минтақавӣ”, балки “қисмате аз сиёсати ҷаҳонӣ оид ба ин фулузот” шуморидааст.
Шералӣ Кабир илова кардааст, ки дар мавриди рушди саноати кӯҳкорӣ барномаҳои давлатӣ таҳия шуда, Тоҷикистон дар дурнамои наздик дар самти истеҳсоли фулузоти зарурӣ барои гузариш ба иқтисоди “сабз” мавқеи арзандаи худро касб мекунад.






Тағйирот ба оинномаи Иттифоқи нависандагон имкон дод, Низом Қосим бори сеюм раис интихоб шавад
Дар либоси кормандони БДА Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ насб мешавад
Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев соҳиби унвони Устоди байналмилалии шатранҷ шуд
Умри якасра. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар одамони аз 100-сола боло зиндагӣ мекунанд?
Дар маркази вилояти Хатлон ҳамоиши байналмилалии "Хатлон инвест Бохтар-2025" оғоз гардид
Тоҷикистонро дар "Abu Dhabi Grand Slam 2025" 10 ҷудокор муаррифӣ мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 18
Дар Тоҷикистон омӯзгорону кӯдаконро ба пахтачинии “ихтиёрӣ” маҷбур мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 ноябри соли 2025
“Ман меравам, Сармаддеҳ мемонад”. Аз даргузашти Баҳманёр – шоҳаншоҳи “сарзамини ормонӣ” 5 сол гузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста