Дар ҳамоиш, ки имрӯз, 11 ноябр дар шаҳри Бохтар оғоз шуд, Ҳоким Холиқзода, муовини аввали сарвазир, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, вазирону раисони ниҳодҳои давлатӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ созмонҳои байналминалӣ, доираҳои тиҷоратӣ аз 20 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Чин, Туркия ширкат карданд.
Ҳадафи ин ҳамоиш муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, инчунин тақвияти хамкории байниминтақавӣ, дар маҷмуъ, баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ва таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо шарикони рушд мебошад.
Давлаталӣ Саид дар оғози чорабинӣ гуфтааст, ки он майдони муколама барои соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорон мебошад.
Ширкаткунандагон, пеш аз оғози ҳамоиш, бо маҳсулотҳои кишоварзиву саноатие, ки дар Хатлон истеҳсол мешавад ва гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд.
Форуми байналмилалии сармоягузории "Хатлон Инвест-2025" дар се панел - "Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: шарикӣ бо бахши усусӣ ва табдили Хатлон ба маркази иқтисодии муосир", "Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ" ва "Аз замин то бозор - рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон гузаронида мешавад."
Ба иттилои ҳукумати Хатлон, дар ин машварату ҳамоишҳо механизмҳои ҷалби сармоя ба кластерҳои агроиндустриалӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ, рақамикунонӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дар соҳаҳои сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаҳои кӯҳии вилоят, экотуризм ва маҳсулоти миллӣ, бренд ва рақамикунонии содирот, инфрасохтори логистикӣ, дастрасӣ ба бозорҳои нав, инчунин ҷалби занону ҷавонон ба занҷираи арзиши кишоварзӣ баррасӣ мегарданд.
Ҳамзамон, доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва меҳмонону иштирокдорони Форум бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара", корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Норак шинос мешаванд.
Интизор меравад, ки дар доираи баргузории ҳамоиши байналмилалии сармоягузории "Хатлон Инвест-2025" байни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамоиши мазкур бори чаҳорум аст, ки аз ҷониби Агентии содирот ва ҳукумати вилояти Хатлон бо мақсади амалигардонии нишондиҳандаҳои "Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025" ташкилу баргузор мегардад.
Ҳамоиши имсола идомаи мантиқии форуми соли 2024 буд, ки дар он зиёда аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 200 миллион доллар ба имзо расид.





Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста