Дар Тоҷикистон барои воридоти ҳама намуди аккумулятор ба истиснои батареяи вазнашон то ним килограм (0,5 кг) пардохти нобудсозӣ (утилизатсия) ҷорӣ мегардад.
Бар асоси тағйиру илова ба қонун “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, ки 3-юми декабр вакилон дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул кардаанд, соҳибкорон барои воридоти аккумулятор ва батареяҳои барқӣ ба кишвар пардохти нобудсозӣ месупоранд.
Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук зимни муаррифии тарҳи қонун дар назди вакилон гуфтааст, ин маблағ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ва танҳо як маротиба ситонида шуда, ба буҷет пардохт карда мешавад.
Тибқи лоиҳаи қонун, ҳаҷми пардохтҳо вобаста ба вазни аккумулятор муқаррар шудааст:
-аккумуляторҳои 0,5 то 10 кг: 37,5 сомонӣ (0,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо);
-аккумуляторҳои 10,1 то 30 кг: 75 сомонӣ (1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо);
-аккумуляторҳои зиёда аз 30 кг: 2,6 сомонӣ барои ҳар як килограм (3,5 фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо).

Сардори Хадамоти гумрук гуфтааст, ки ҳадаф аз тағйиру илова ба қонуни мазкур “таъмини амнияти экологии ҷумҳурӣ, таъмини саломатии шаҳрвандон, пешгирии зарари партовҳои хатарноке, ки дар натиҷаи фарсудашавӣ ва истифодаи аккумуляторҳои барқӣ ба вуҷуд меоянд” мебошад.
“... ҳама гуна дастгоҳҳои захиракунандаи қувва, аз ҷумла аккумуляторҳои ба ҳаракатдарорандаи муҳаррики воситаҳои нақлиёт, батареяҳои электромобилҳо, батареяҳои таҷҳизоти маишӣ, дастгоҳҳои захиракунандаи қувваи истгоҳҳои барқии офтобию бодӣ ва ғайра, ба рамзи молии 8507 шомил мебошанд”, - гуфтааст номбурда.
Ба гуфтаи ӯ “барои сарбории иловагӣ наовардан ба истифодабарандагони асбобҳои маишӣ” аз аккумляторҳои вазнашон то 0,5 кг аз ҷумла батареяи соатҳо, телефонҳои мобилӣ, ноутбук, планшет, бозича, асбобҳои равшанидиҳанда ва ғайра, пули “уттилизатсия” ситонида намешавад.
Сиёвуш Наботзода, вакили парлумон дар шарҳи тарҳи қонун гуфтааст, ки ҷорӣ кардани пардохти нобудсозӣ “аз ҷамъшавии партовҳои хатарнок пешгирӣ карда, назорати гардиши таҷҳизоти истифодашуда тақвият ёфта ва имкони коркарди дурусти чунин партовҳо дар сатҳи давлатӣ таъмин мегардад”.
“Аккумуляторҳои воридшаванда ҳамчун моле, ки дорои хатари экологӣ мебошанд, ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ба пардохти ҳатмии утилизатсия ҷалб мешаванд, ки ин амал шаффофияти воридотро баланд намуда, назорати гумрукиро тақвият медиҳад ва ба ташаккули сарчашмаи иловагии буҷети давлатӣ мусоидат мекунад”, - гуфтааст ин вакили парлумон.
Қонуни нав пас аз тасдиқ дар Маҷлиси миллӣ ва имзои раисҷумҳур ба иҷро медарояд. Қабули ин қонун эҳтимол ба болоравии нархи аккумляторҳо дар бозорҳои Тоҷикистон таъсир расонад.
Бояд гуфт, ки ҷорӣ шудани пардохти нобудкунӣ ба аккумляторҳои мошинҳои барқӣ дар ҳолест, ки бо қабули як қарор дар парлумони Тоҷикистон воридоти мошинҳои барқӣ аз пардохти андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ ба мӯҳлати 10 сол озод шудаанд. То имрӯз кирокашони нақлиёти барқӣ аз гаронии нархи мошинҳои барқӣ шикоят мекарданд, ки эҳтимол меравад ҷорӣ шудани тағйироти нав ба нархи электромобилҳо таъсир расонад.
Ҳоло дар кишвар тибқи иттилоии расмӣ, ҳудуди 40 ҳазо электромобил ба қайд гирифта шудааст.
Бояд гуфт, моҳи декабри соли 2023 супоридани маблағ барои нобудсозии нақлиёт ҳатмӣ шуд ва то имрӯз аз ҳама намуди нақлиёт пардохти нобудсозӣ ситонида мешавад. Моҳи феврали имсол нархи нобудсозии мошинҳои воридшаванда то 16 ҳазор сомонӣ баланд шуд, ки нигаронии соҳибкоронро дар пай дошт.





Будубоши бидуни сабт то 60 рӯз. Тасвиби созишномае, ки будубоши шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистонро танзим мекунад
Дар Душанбе боз як бинои дорои кошикориро тахриб мекунанд
Дар куҷо ва чӣ гуна метавон идораи паҳпод омӯхт?
Баъди 25 сол. Боздошти марде бо гумони рабудани писари собиқ муовини Додситонии нақлиёт
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 3
Содироти мева аз Тоҷикистон ба Қазоқистон кам шудааст
Нархи маҳсулоти хӯрока дар Тоҷикистон дар як сол чӣ гуна тағйир ёфт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2026
Ҳақи истифода аз басомадҳои радио барои ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон садҳо баробар зиёд шуд
“Аксу наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр накун!”. Қабули қонун то куҷо ҷашну маросимро танзим кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста