Дар бозори воридот ва фурӯши маҳсулоти нафт ва гази моеъ дар Тоҷикистон соли 2025 рақобат вуҷуд дошта, аломатҳои инҳисор ба назар нарасидааст. Дар ин бора чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ Ҳайдаралӣ Раҷабзода, роҳбари Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2025 ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 959,3 млн доллар 1 млн 212,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст. Дар ҳамин ҳол, нархи миёнаи 1 тоннаи он 791 долларро ташкил додааст.
Ҳайдаралӣ Раҷабзода ҳамчунин зикр кард, ки давоми сол ба маблағи 238,8 млн доллар 349,9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуда, нархи миёнаи воридоти 1 тоннаи он ба 683 доллар баробар шудааст. Ин маҳсулот асосан аз Қазоқистон ва Русия ворид шудааст.
Дар Хадамот зикр карданд, ки дар бозори гази моеъ чанд ширкати бузург, аз ҷумла "Темур ойл", "Аллат", "Газпромнефт Тоҷикистон" ва дигар корхонаҳо фаъолият доранд. Зикр шуд, ки мавҷуд будани шумори назарраси иштирокчиёни бозор, ҳукмронӣ ё инҳисори ширкатҳои ҷудогонаро дар бозор истисно мекунад.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо соли 2024 соли 2025 нархи маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 14,4% пон рафтаанд, аз ҷумла бензин ба андозаи 3,3%, сӯзишвории дизелӣ - 5,1% ва гази моеъ - 31,9%.





Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста