Панҷакент. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд садами нақлиётии бузурге рух дод, ки нафарони зиёде аз он ҷабр диданд.

Аз идораи сохтмону истифодаи роҳҳои (ДЭУ) рақами 6-и ноҳияи Айнӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар километри 144-уми роҳ дар натиҷаи садама се мошини навъи хориҷӣ - «КИА», «Хондай» ва «Опел Астра» бо 21 нафар мусофирон ба ҷарӣ сарозер шуданд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон шаш нафари ҷабрдидагон ба беморхона бурда шуда, аз тақдири 15 нафари боқимонда алҳол чизе маълум нест. Корҳои ҷустуҷӯӣ дар ҷои ҳодиса идома доранд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, садама дар натиҷаи беэҳтиётиву саҳлангории яке аз ронандагон ба вуқӯъ пайвастааст.