Душанбе. 20-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва Идораи рушду ҳамкории Швейтсария ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки техникӣ расониданд.

Чор контейнери иборат аз таҷҳизоти зарурии истифода ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда - асбобу лавозимоти тайёр кардани хӯрок, палаткаҳо рӯйпӯшҳо, занбарҳо ва дигар таҷҳизоти таъиноти гуногун ба ихтиёри вазорат супорида шуданд.

Дар маросими супурдани таҷҳизот раиси кумита Ҳайбулло Латифов, ҳамоҳангсози доимии Барномаи рушди СММ Майкл Ҷонс, муовини мудири Идораи рушду ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон Кристоф Фукс ва дигарон иштирок карданд.