Қӯрғонтеппа. 26-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Соли равон дар роҳҳои мошингарди вилояти Хатлон 212 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 84 нафар ҳалок ва 242 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Сардори дафтари матбуоти Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки 76 ҳодисаи садама бо иштироки роҳгузарон рух додааст, ки дар натиҷа 21 нафар фавтида, 55 нафар ҷароҳат бардоштаанд. «Садамаҳои нақлиётӣ аслан ба иллати беэҳтиётии ронандагон ба вуқӯъ мепайванданд», - гуфт ӯ.

Бо назардошти вазъи мавҷуда ва пешгирии ҳодисаҳои мазкур роҳбарияти Бозрасии давлатии автомобилии вилоят тасмим гирифт, ки аз 20-ум то 30-уми августи соли 2008 дар қаламрави вилоят амалиёти «Роҳгузар» доир намояд.