Душанбе. 2-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Сардори Маркази масоили безараргардонии минаи Тоҷикистон Ҷонмаҳмад Раҷабов дар сӯҳбат бо мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ағбаи Хобурободи ноҳияи Дарвоз хизматчии марказ Нуриддин Мавлонназаров, ки тариқи шартномавӣ хизмат мекунад, ҳангоми безарагардонии яке аз минтақаҳо аз минаҳо ҷароҳати сабук бардошт.

«Мина дар масофаи 8- 10 метр дуртар аз ӯ таркид ва бар асари он пои рости Н.Мавлонназаров каме захмӣ шуд, ки он дар муддати кӯтоҳ муолиҷа карда хоҳад шуд», - гуфт ӯ.

Дар ҷои ҳодиса комиссияи махсус ба фаъолият шурӯъ кардааст, ки сабабҳои таркиши минаро меомӯзад.