Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар километри 540-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, дар қаламрави ноҳияи Рӯшон садамаи нақлиётӣ рух дод, ки бар асари он се нафар ҷароҳат бардошта, ҷасади як нафар, ки хоҳари ронанда аст, то ҳол пайдо нагардидааст. Ронанда ва захмбардоштагон ба беморхона фиристода шудаанд.

            Роҳбари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев дар сӯхбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ронандаи автомашинаи навъи «Нисан» сокини Рӯшон, Алим Толиббекови-35 сола суръати ҳаракати мошинро баланд намуда, аз ӯҳдаи идораи он намебарояд, ки дар натиҷа мошин ба дарёи Панҷ сарозер мегардад. Айни замон наҷотдиҳандагони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва сокинони маҳаллӣ ҷасади хоҳари 24-солаи ронандаро ҷустуҷӯ мекунанд.