Қӯрғонтеппа. 19-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Аз оғози сол то инҷониб дар роҳҳои мошингарди вилояти Хатлон 47 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 19 нафар ба ҳалокат расида, 61 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Тибқи иттилои як масъули соҳаи нозироти давлатии автомобилии вилояти Хатлон Ёрмамад Давлатов, аксари садамаҳои нақлиёт бо иштироки нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксиҳои хатсайрӣ рух додаанд. «Бо иштироки нақлиёти ҷамъиятӣ 40 дасади садамаҳо ба амал омаданд», - гуфт ӯ ва афзуд, ки барои пешгирии садамаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди вилоят аз 15 то 25-уми сентябр амалиёти «Автобус» гузаронида мешавад.