Душанбе. 7-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ба хотири қурбониёни заминларза имр ӯ з дар Қирғизистон р ӯ зи мотам эълон карда шуд. Расонаҳои хабарии Қирғизистон иттилоъ медиҳанд, ки дар ин бора сарвари давлат фармон ба имзо расонидааст. Президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ба маҳалли офат рафта, бо ҷ араёни бартарафсозии оқибатҳои заминларза аз наздик шинос шуд. Дар ҷумҳурӣ фонди кӯмак ба осебдидагон ба фаъолият шурӯъ кард. Чанде қабл кӯмаки башардӯстонаи Русия иборат аз палаткаву кампалҳои гарм, таҷҳизоти гармидиҳӣ ва доруворӣ ба ин кишвар расонида шуд. Сарони кишварҳои зиёде, аз ҷумла Тоҷикистону Русия ва Қазоқистон ба мардуми қирғиз изҳори ҳамдардӣ карданд.  

            Агентии иттилоотии «24 kg » бо истинод ба шӯъбаи навбатдории Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қирғизистон хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти ахир, шумораи қурбониёни зилзила дар деҳаи Нури ноҳияи Олой ба 74 нафар расида, ки 41 нафари он к ӯ дакон мебошанд.    

            Гуфта мешавад, ки 110 нафар сокинони осебдида ба беморхонаҳои шаҳри Ош интиқол дода шуда, 13 нафар захмиён дар бемористони Олой ҷой дода шудаанд. Дар ҷои ҳодиса корҳои наҷотдиҳиву чустуҷӯӣ идома доранд.

            Ҳукумати кишвар қарор кардааст, баҳри осебдидагон, ки аз манзили зист маҳрум шудаанд, 35 млн. сом (наздик ба $1 млн.) маблағ ҷудо кунад. Инчунин аз фондҳои сарвазир ва президенти Қирғизистон ба оилаҳои осебдида боз 2 млн. сом маблағ ихтисос дода мешавад.

            Дар ҳамин ҳол, зилзилашиносон мегӯянд, ки имкони такрори зилзилаҳо мавҷуд аст ва шаби 6-уми октябр ҳудуди сад зилзила ба қайд гирифта шудааст, ки 15-тои он заминларзаи шадид буданд.