Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз дар яке аз бозорҳои бузурги пойтахт -«Шоҳмансур» сӯхтор сар зад.

            Аз Раёсати сӯхторнишонии Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки маркази тиҷоратии «Наргис», нуқтаҳои фурӯш ва ошхонаҳои қисми ғарбии бозор пурра сӯхтаанд. «Айни замон гурӯҳҳои сӯхторнишонӣ оташро дар манбаъҳои асосӣ хомӯш карданд, вале дар баъзе ҷойҳои бозор сӯхтор ҳанӯз идома дорад», - изҳор дошт манбаъ.

            Зикр гардид, ки дар ҷои ҳодиса 14 гурӯҳи сӯхторнишонӣ, 5 мошини обпош ва ҳайати шахсии раёсат сафарбар карда шудаанд, вале то ҳанӯз сабаби аслии сар задани сӯхтор мушаххас нест. «Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, аз сӯхтор ҳудуди 2 ҳазору 100 метри мураббаъи масоҳати бозор хисорот бардошта, зарари молиявӣ метавонад ба беш аз 1 млн. сомонӣ баробар шавад», - афзуд сарчашма.

Бино ба иттилои манбаъ, мувофиқи фармони вазири умури дохилии ҷумҳурӣ, ҷиҳати мушаххас кардани сабаби аслии сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарар комиссияи вижа ташкил карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки 13-уми августи соли ҷорӣ дар бозори «Корвон» низ сӯхтор ба амал омада буд, ки бар асари он 60 контейнери мол ва ду ангар пурра нобуд шуда буданд. Мувофиқи хулосаи комиссияи махсус, дар бозори «Корвон» сӯхтор дар натиҷаи қасдан оташ задан рух додааст, вале то ҳол гунаҳкорон ёфт нашудаанд.