Ҳуқуқшинос, директори созмони ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳуқуқи инсон» Сергей Романов мегӯяд, тафтишот бояд чӣ гуна ва аз куҷо дастрас шудани ҳуҷчати ронандагии ноболиғ Расули Амонуллоро, ки бо гуноҳи ӯ дар садамаи нақлиёт се нафар ҷон бохтанд, ошкор намояд.
Ӯ хотиррасон намуд, ки дар қонунгузории Тоҷикистон рондани автомашина ба ноболиғе, ки ҳуҷҷати иҷозати ронандагӣ надорад, манъ буда, танҳо аз синни 18-солагӣ дастрасӣ ба он имконпазир мегардад.
«Агар ӯ чунин ҳуҷчат дошта бошад, пас бо кадом асосу аз куҷо ва чӣ гуна дастрас кардани онро мебояд ошкор намуд, ки ин салоҳияти тафтишот аст», - гуфт ҳуқуқшинос.
Ғайр аз ин, Романов аз эҳтимол дур намедонад, ки дар ин қазияи пурсарусадо шояд муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ мавриди амал қарор гирад.
«Волидайн ба рондани автомашина набояд ба ӯ иҷозат медоданд, аз ин рӯ, нисбати падару модари Р.Амонулло низ бояд чораҳои дахлдор андешида шаванд», - иброз дошт Романов.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор , ки шоми рӯзи 9-уми октябр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд.
Пас аз баргузор намудани амалиёти тафтишотӣ аз ҷониби кормандони милиса бо мақсади муайян кардани гунаҳкорони садамаи фоҷебаор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, ошкор шудааст, ки гунаҳкори ин садама Расул Амонуллои 16-сола будааст.
Аввали ҳамин ҳафта яке аз хешони ҷабрдида Маталиев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки «муддати панҷ рӯз баъди садама ҳеҷ касе аз намояндагони аҳли оилаи Ҳукумовҳо ба аёдати ҷабрдидагон ба Маркази миллии тиббӣ наомадаанд, ки ҳадди ақал онҳоро аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ кунанд».
“Гуфт, занҳоро назанед, куҷое хоҳед имзо мекунам”. Шикояти пайвандони яке аз муттаҳамони куштори оилаҳо дар Конибодом
Дар Душанбе беҳтарин мураббӣ, омӯзгор, табиб ва беморхонаву боғи фарҳангиро муайн карданд
“Шарҳре, ки дӯст медорем”. Андешаи сокинон дар бораи Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 апрели соли 2025
Владимир Путин дар ҷанг бо Украина оташбаси муваққатӣ эълон кард
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намоишномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста