Оилаи Ҳукумовҳо, ки бо гуноҳи писари 16-солаи ин хонадон дар пойтахт як садамаи фоҷебаор ба вуқӯъ пайваст, ба наздикони ҷабрдидагон аз ин садама кумак кардаанд. Шасхони аз ин садама зиндамонда чун пешина дар ҳолати вазнин дар Маркази миллии тиббӣ қарор доранд.
Шокира Маҳкамова, модари яке аз ҷабрдидагон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз оилаи Ҳукумовҳо онҳо 800 доллари ИМА маблағ гирифтаанд. «Нахуст ба мо 200, сипас 400 ва ду рӯз қабл барои ҷарроҳии писарам боз 200 доллари ИМА доданд», - гуфт ӯ ва илова намуд, ки бо назардошти бад шудани вазъи солимии писараш, ӯро дубора ба шуъбаи эҳёгарӣ (реаниматсия) гузаронидаанд.
Ба қавли ӯ, ба оилаҳои ҷабрдидагон Азиза Рӯзиева ва Мадина Аҳмедова ҳам Ҳукумовҳо ҳамин миқдор маблағ кумак кардаанд, вале шахсоне, ки маблағи пулиро супурдаанд, аз ифшои ному насбашон худдорӣ кардаанд.
Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд.
Дар рух додани ин садама Расули Амонулло, писари 16-солаи раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукумов гумонбар дониста мешавад. То ҳанӯз дар бораи макони будубоши гунаҳкори садама маълумоти мухталиф дода мешавад.
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста