Бар асари садамаи нақлиёт, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар қаламрави хоҷагии деҳқонии «Содиқ»-и ноҳияи Шаҳритӯс рух дод, ду кӯдаки хурдсол ва як ҷавондухтар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, сокини 22-солаи ҳамин ноҳия Маъмура Қаландарова ҳангоми ба сари заминҳои хоҷагии деҳқонии «Содиқ»-и ноҳияи Шаҳритуз бо мақсади даравидани шолӣ рафтан, дар вақти идора кардани автомашинаи тамғаи «Тико» дар қитъаи замине, ки роҳи автомобилгард мавҷуд нест, дар сари заминҳои пахта аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба канали обгузар чаппа намудааст.

«Дар натиҷа се нафар мусофирони автомашина – Хайринисо Хӯҷамбердиеваи 19-сола, Асрор Анварови 3-сола ва Асадбек Анварови 2-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», - иттилоъ медиҳад ВКД ҶТ.