Бар асари се ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки рӯзҳои ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳрҳои Истаравшану Исфара ва ноҳияи Хуросон рух доданд, 6 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои ВКД ҶТ, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини ноҳияи Рӯдакӣ Бобоёр Файзиеви 37-сола ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд назди даромадгоҳи дарвозаи ш.Истаравшан, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарвозаи мазкур бархӯрдааст, ки дар натиҷа автомашина оташ гирифта, се нафар мусофирони он ҳалок ва ронандаву боз як мусофир ба бемористон мунтақил шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар қаламрави шаҳри Исафра ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Марк» Мақсуд Ашӯрбоеви 34-сола бо автомашина велосипедрон Одилхӯҷа Нозирови 45-соларо пахш намуда, велосипедрон дар ҷойи ҳодиса ҳалок ва ронанда боздошт шудааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», сокини 21-солаи ноҳияи Хуросон Мансур Ҳайитов зимни ҳаракат дар қаламрави деҳаи Фахрободи ҳамин ноҳия аз ўҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдухолиқ Ғиёсови 20-соларо пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Сипас ҳаракаташро давом дода, дар километри 47-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Қурғонтеппа, дар ҳудуди деҳаи Даҳана-киики ноҳияи Хуросон бехатарии ҳаракати  роҳро риоя накарда, ба канори чапи роҳ баромада чаппа шудааст. Дар натиҷа худи ронанда  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.