Заминларзаи чанде қабл дар қаламрави Тоҷикистон рухдода ба деҳоти шаҳри Вахдат хисорот ба бор овард.
Бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ҷаласаи Комиссияи давлатии ҳукумат оид ба бартараф кардани оқибатҳои заминларза ва расонидани кӯмаки аввалия ба осебдидагон аз ин ҳодисаро баргузор намуд.
Тавре аз шуъбаи котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ хабар доданд, тибқи маълумоти пешакӣ, дар деҳоти шаҳри Ваҳдат 104 хоҷагӣ пурра ва 259 хоҷагӣ қисман зарар дида, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
«Оқил Оқилов ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дод, ки таъҷилан ба расонидани кӯмак ба соебидагон аз офати табиӣ шурӯъ намуда, дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин хоҷагиҳои осебдидаро барқарор ва ҷиҳати дақиқан муайян караани ҷабрдидагон тадбирҳои амалӣ андешанд», - гуфтанд дар котибот.
Ёдрас мекунем, ки маркази заминларзаи шоми рӯзи 10-уми ноябр деҳаи Андигони ноҳияи Ваҳдат муқаррар шуда буд. Дар маркази заминларза қувваи он 5 балл ва дар шаҳри душанбе 4 баллро ташкил дод.
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста