Дар феҳристи «Рейтин-пешгӯӣ»-и заминларзаҳо дар соли 2014 барои кишварҳои қисмати марказии минтақаи Авруосиё, ки аз ҷониби шаҳрванди Қазоқистон Сергей Брешук таҳия шудаву дар он 12 кишвари ҷаҳон зикр шудаанд, Тоҷикистон мақоми сеюмро касб намудааст.
Дар сомонаи шахсиаш Брешук зикр кардааст, ки соли 2014 дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ва қисмати марказии Тоҷикистон аз ду заминларзаи назаррас интизорӣ меравад ва дар минтақаи наздики сохтмони нерӯгоҳи Роғун низ заминларзахои начандон шадид аз эҳтимол дур нест.
Гуфта мешавад, сомонаи «Небесный патрул» аввали соли 2011 аз ҳисоби воситахои шахсии муаллиф таҳия гардида, лоиҳа тиҷоратист ва барои пешгӯии заминларза 2700 доллари ИМА дар як моҳ ҳаққи хизмат гирифта мешавад. Дар сомона зикр мегардад, ки афзалияти барномаи «Небесный патруль» дар имконоти мониторинги фосилавии саривақтиву зуди ҳама гуна иншоот дар саросари ҷаҳон ва бидуни баргузор кардани корҳои амалӣ ифода меёбад.
Аз Пажуҳишгоҳи зилзилашиносии Академия улуми ҶТ ба И «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ин пешгӯӣ асосҳои илмӣ вуҷуд надоранд ва ба ин рейтинг муносибати ҷиддӣ дошта наметавонанд.
Дар пажуҳишгоҳ мутмаинанд, ки «ба пешгӯии ҳодисаҳои заминрларза ҷиддӣ мебояд муносибат кард, то ки вазъ дар ҷоема ноором нашавад. «Гузашта аз ин, падидаҳои мушкили табииро на «афроди хусусӣ», балки олимон бояд пешгӯӣ кунанд», - гуфтанд дар ин муассисаи илмӣ.
Дар ҳамин ҳол, дар рейтинги шаҳрванди Қазоқистон минтақаи Эрони Шимолӣ – зинаи 1-ум, Озарбойҷону Туркманистон – ҷойи 2-юм, Тоҷикистон – зинаи 3-юм, вилояти Синтзян-Уйғури Чин – мақоми 4-ум, Ӯзбекистон – мақоми 5-ум, Қазоқистон – зинаи 6-ум ва Қирғизистон – ҷойи 7-умро ишғол намудаанд.
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
“Шоҳ”-е, ки аз гуноҳи ҳама гузашт, даргузашт. Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Лучоб ба хок супорида шуд
Дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар Ёвон 5 кас ҷон бохтанд
Қарздорӣ аз музди меҳнат дар Тоҷикистон дар як сол 20% зиёд шудааст
Ҳафт медали ҷудокорони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тайланд
Музокироти сеюми Эрон ва Амрико. Ҷонибҳо онро “хеле ҷиддитар аз гузашта” тавсиф карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста