Ҳодисаи куштори ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки  рӯзи 12-уми ноябр дар  ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябинск рух дод, боиси нигаронии сафорати Тоҷикистон дар Русия гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати ҶТ дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, субҳи имрӯз сафири Тоҷикистон Абдулмаҷид Достиев ба масъулин дастур дод, ки  ҳарчи зудтар бо мақомоти дахлдори вилояти Челябинск дар тамос бишаванд ва ҷузъиёти бештареро дар робита ба ин ҳодисаи  куштор, ки дар он  ба қавле  аломатҳои марги маҷбурӣ дида мешавад, рӯйи мизи ӯ гузоранд.

Ба иттилои Эгамзод, феълан хадамоти консулгарии сафорат якҷо бо консулгарии  генералии кишварамон дар Екатеринбург атрофи ин қазия кор бурда истодаанд. «Ҳамчунин мо бо раиси ҷамъияти тоҷикистониҳои вилояти Челябинск Исломиддин  Раҷабов, ки узви Шӯрои  ҷамъиятии назди сафорати ҶТ дар ФР мебошад, дар тамос шуда, аз номбурда хохиш кардем, ки аз ҷониби худ ба ин қазия расидагӣ намояд», - гуфт ӯ ва илова кард, ки аз ҷузъиёти бештари қазия баъдан иттилоъ дода хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия , рӯзи 12-уми ноябр дар яке аз хонаҳои  деҳаи Кайгородовои ноҳияи Сосновскийи вилояти Челябински Русия ҷасади ду шаҳрванди Тоҷикистон бо аломатҳои марги маҷбурӣ ва осори захми зарбаву бурида дарёфт шуд. Ду нафар гумонбар ба содир намудани ин ҷиноят боздошт шудаанд. Яке аз гумонбарон қаблан бо ҷабридидаҳо дар қабули оҳанпора кор мекардааст. Ҳамон рӯз онҳо дар ҳолати мастӣ ба ҳавлӣ даромада, як қисмате аз оҳанпораро дуздиданӣ будаанд. Зимни ба ҳавлӣ ворид шудан онҳо бо шаҳрвандони тоҷик рӯ ба рӯ шуда, тоҷикон ҳамкори пешинаи худро мешиносанд. Сипас  муноқиша рух дода, бо истифода аз корду табар тоҷикистониён ба қатл расонида шудаанд.