Дар панҷ деҳаи Тоҷикобод (водии Рашт) аз заминларзаи рӯзи шанбеи 4 июл рухдода манзил ва биноҳои хоҷагидорӣ қисман осеб дидаанд.

Гурӯҳи кории ҳукумат ҳаҷми зиёни расидаро муайян карда, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Дар деҳаи Ширинчашма 10-12 хона қисман вайрон шуда, дар деворҳои даҳҳо дигар манзил ва биноҳо рах ва кафидагиҳо пайдо шудаанд.

“Бар асари заминларзаи рӯзи 4 июл дар деҳаи Дараи Нӯшори ҷамоати деҳоти Нӯшор, деҳаҳои Ширинчашма, Сари Най ва Себистони ҷамоати деҳоти Ширинчашма, деҳаҳои Ғанишоб ва Сафедоби ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби об манзилҳои сокинони маҳаллӣ қисман осеб дидаанд", - хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳоатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

1/4

Ба гуфтаи ӯ, байни сокинони маҳаллаҳои аҳолинишин талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳукумати маҳаллӣ изҳор доштааст, ки дарҳол пас аз муайян кардани ҳаҷми зарар аз заминларза ба шаҳрвандони аз офат осебдида кумак расонида мешавад.

Тибқи маълумоти Пажуҳишгоҳи зилзилашиносии кишвар, маркази заминларзаи рӯзи 4 июл дар 201 километрии шимолу шарқи Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод воқеъ буд. Дар марказ қувваи заминҷунбӣ 5 балл ва дар Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.