Нимаи дуюми имрӯз дар маркази савдои “Душанбе Молл”-и пойтахт, ки дар он гипермаркети “Ашан” воқеъ аст, сӯхтор ба амал омад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон хабар дод, наздики 12 метри мураббаъи ошёнаи сеюми маркази савдо, ки дар он галереяи ҳунарӣ мавҷуд аст, оташ гирифта, лекин дуд тамоми майдони биноро фаро гирифтааст.

Наздики 5 гурӯҳи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, дар фурсати кӯтоҳ оташро хомӯш карданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳеҷ касе аз одамон аз сӯхтор осеб надидааст.

Коршиносон ҳаҷми зиён аз сӯхтор ва сабабҳои сар задни онро муайян мекунанд.

Дар наворҳои видеои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда дар бинои марказ дудолудии зиёд дида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.