Садама шаби гузашта тахминан соати 4-и субҳ дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе, наздикии Донишоҳи омӯзгорӣ рух дод.
Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ронанда ва ду мусофири автомашинаи “Ленд Крузер-200” дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд. Мастӣ аз чист, маълум нест.
“Автомашинаи истеҳсоли хориҷӣ, ки бо суръати баланд дар хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат мекард, ба автомашинаи КамАЗ бархӯрд. Мошинро муовини прокурори ноҳияи Фирдавси пойтахт Ислом Анварзодаи 29-сола идора мекард”, - хабар медиҳад Вазорат.
“Мусофири дохили автомашинаи мазкур Баҳром Ғафурӣ, соли таваллудаш 1976, сароянда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ронанда ва муофири дигар Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Зикр мегардад, ки баъди ташхиси тиббӣ муайян карда шуд, ки ҳамаи ин се нафари иштирокчиёни садамаи нақлиётӣ дар ҳолати мастӣ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.
Маросими чанозаи овозхон имрӯз соати 12:00 дар масҷиди “Ҳазрати Мавлоно” дар ноҳияи Рӯдакӣ доир мегардад.
Баҳром Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шудааст. Таронаи аввалини худро бо номи “Парешон шудӣ, ай дил” ӯ ҳангоми соли аввали таҳсилаш дар Донишкадаи санъат сароида буд.
Ӯ яке аз сарояндагонест, ки муддати 10 соли фаъолияти эҷодӣ ба мухлисонаш 19 албоми таронаҳояшро пешкаш кардааст “Милоди орзу”, “Ошиқи рӯят”, “Муҳоҷирбача” ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд.
Баҳром Ғафурӣ чандин маротиба ба дарёфти ҷоизаҳои “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” шарафёб гардида, солҳои 2011 ва 2014 ду маротиба ба ҷоизаи маъруфи амрикоии Big Music Awards соҳиб шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба "Крокус" ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд
Андрей Серенко: доир ба амалҳои террористӣ Маскавро ду моҳ пеш огоҳ карда буданд
Як ниҳоди назди Сафорати Тоҷикистон мегӯяд, вазъи муҳоҷирон дар Русия “тағйир наёфтааст”
Дар Қирғизистон Райимбек Матраимов ва се бародарашро ҳабс карданд
“Ҳамаро бурданду аз хоҳараш дарак нест”. Пайвандони Фаридуни Шамсиддин дар куҷоянд?
Дар Тоҷикистон боз борон мебораду ҳаво сард мешавад
Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд
Дар ҳолати таҳдиду зӯроварӣ дар Русия тоҷикон ба куҷо метавонанд муроҷиат кунанд?
“Иҷора намедиҳанд”, “Корхонаро оташ заданд”, “Ба мошин намешинанд”... Афзоиши фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста