Нозири барқ бо бинии шикаста, гӯш ва гулӯи осебдида дар бемористон бистарӣ шуда, нисбат ба мард ва писарони ӯ, ки дар лату кӯб даст доранд, парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Шабакҳои барқи Душанбе хабар дод, нимаи дуюми рӯзи 20 август нозир Наврӯз Қосим аз як сокини хонаи №13 дар маҳаллаи Испечак-2 хоҳиш кардааст, ки пули истифодаи барқро пардохт намояд, вагарна интиқоли барқро ба хонаи онҳо қатъ мекунад.

Маблағи қарзи соҳиби ин хона, ки нозирро мавриди лату кӯб қарор додааст, 900 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи “Азия-Плюс” дар ВКД Тоҷикистон далели лату кӯби нозири барқро тасдиқ намуда, хабар дод, ки аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Дар навбати худ нозир низ нисбати марди соҳиби хона ва ҳамсари чанде пеш вафоткардаи ӯ суханҳои қабеҳу ношоямро ба забон оварда, интиқоли барқро қатъ кардааст”, - хабар доданд дар ВКД.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.