Дар вилояти Хатлон як зани 30-сола 4 нафар фарзандони худро буғӣ карда мекушад ва сипас худаш ба милитсия омада, дар бораи ҷинояти содиркардааш хабар медиҳад.

Ин ҳодисаи фоҷеабор нимаи дуюми рӯзи 9 сентябр дар ҷамоати Ориёни ноҳияи Кӯшониён рух додааст.

“Назокатхон Тоироваи 30-сола рӯзи 9 сентябр тақрибан соатҳои 17:00 бо бераҳмии махсус 4 писари 9, 8, 6-сола ва тифли 1-солаи худро буғӣ карда кушт. Тавре маълум шуд, зан бемории рӯҳӣ доштааст. Ӯ боздошт шуд”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ВКД Тоҷикистон.

Мақомоти прокуратураи маҳаллӣ ба тафтиши парванда шурӯъ кардааст.

Як манбаъ дар ҷамоати “Ориён” ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки зан аввал дасту пойи кӯдаконро баста, сипас ба сари онҳо бастаҳои селлофанӣ мепӯшонад ва буғӣ мекунад. Баъдан ӯ ихтиёрӣ ба ШВКД шаҳри Бохтар омада, ба кормандони милитсия дар бораи ҷинояти содиркардааш хабар додааст.

Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон иттилоъ дод, ки нисбат ба гумонбаршуда мутобиқи моддаи 104, қисми 2, бандҳои «а», «в», ва «е»-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ а) ду шахс ё бештар аз он; в) бараъло ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст ва е) бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Манбаи “Азия-Плюс” қайд кард, ки модари зани гумонбаршуда соли 2005 барои кушитани шавҳари худ ва боз як марди дигар ба 20 сол маҳкум шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи август зани 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғарми ноҳияи Рашт бо 3 кӯдакаш худро ба дарёи Сурхоб партофт. Ҷасади танҳо як кӯдак дарёфт шуда, ҷустуҷӯи ҷасадҳои зан ва ду фарзанди дигараш - писари 9-сола ва дутари 6-сола идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.