Давоми шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон аз ҷониби навбатдорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ду ҳодисаи садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумита, ҳодисаи аввал шабона дар километри 80-уми роҳи мошингарди мавзеи деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ рух дода, автомашинаи тамғаи Старекс, ки аз ҷониби сокини сисолаи деҳаи Поймазор идора мешуд, дучори садама шудааст.

“Ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст, - қад мешавад дар маълумоти Кумита. - Дар  садама Қурбон Шарипови 17-сола, сокини деҳаи Ғиҷоваст дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Гуфта мешавад, дар ҳодисаи садамаи нақлиёти дигар дар километри 81-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар мавзеи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ ронандаи автомашинаи Мersedes Benz Аюбхӯҷа Ҳошимови 25-сола,  сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, он ба канори роҳ бармехӯрад ва ба ҷарии 150 метр сарозер мешавад.

Дар натиҷа ронанда  ва мусофири мошин дар ҷойи ҳодиса ҳалок мешаванд. Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ҷасади ронанда ва мусофири онро аз дохили автомашина бароварда, ба мақомотҳои дахлдор супориданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ронандагон боисрор дархост мекунад, ки реҷаи суръат ва  қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.