Шаби 23 сентябр 6 нафар маҳбусон ба воситаи нақби кандаашон аз зиндони шаҳраки Шамхал воқеъ дар канори Махачқалъаи Доғистон фирор карданд. Миёни фирориён ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории ТАСС.

Вазорати корҳои дохилии Доғистон ному насаб ва аксҳои маҳбусони фирориро нашр кард. Ду тан аз онҳо зодагони Тоҷикистон мебошанд: сокини ноҳияи Ёвон Шамил Бойматови 29-сола ва сокини шаҳри Душанбе Маҳмадрасул Машрабови 30-сола ҳар ду барои нигоҳдорӣ ва интиқоли маводи нашъаовар мутаносибан ба 12 ва 8 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Дигар маҳбусони фирорӣ зодагони Доғистон мебошанд: Наҷмудин Аҳмеднабиев, Рашид Аминов, Магомед Абдулқодиров ва Магдӣ Мириев.

Ба иттилои манбаъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин ҷумҳурӣ барои дастгир кардани онҳо чораҷуӣ мекунанд.

Чор тан аз фироиён барои ҷиноёти марбут ба маводи мухаддир ва ду нафар барои куштор ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум шуда буданд.

Дар хадамоти матбуоти ВКД ҷумҳурӣ хабар додаанд, ки ба ҳамаи шуъбаҳои минтақавии ВКД дар бораи маҳбусони фирорӣ маълумот фиристода шуда, ҳамаи нерӯҳо ба ҷустуҷӯи онҳо сафарбар гардидаанд.

“Ҷустуҷӯи зиндониёни фирорӣ айни замон вазифаи аввалиндараҷаи ВКД мебошад”, - қайд кардаанд дар хадамоти матбуот.

Қайд мешавад, ки муҳлати ҷазои таъингардида ба ин маҳбусон аз 8 то 15 солро ташкил медиҳад.

Баъди ин ҳодиса Сарраёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазо санҷиши хизматиро роҳандозӣ намудааст. Ваъда додаанд, ки гунаҳкорон муҷозот мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.