Ду корманди бахши қабули шаҳрвандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав мавриди лату кӯб қарор гирифтанд. Дар ин бора торнамои РЕН ТВ хабар медиҳад. Ба навиштаи торнамо, ҳодиса дар ҳудуди ин намояндагии дипломатӣ рух додааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав то кунун ин ҳодисаро расман шарҳ надодааст, аммо дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ масъулони сафорат ин хабарро на таъйид карданд ва на рад.
Вале як манбаъи наздик ба доираҳои Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ба “Asia-Plus” гуфт, ки ин ду кормандро барои муносибати дағалона лату кӯб кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ шахсони гумонбар дар ин кор зодагони Вилояти мухтори куҳистони Бадахшони Тоҷикистон будаанд, ки далели ин корро дар вақти пурсиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муносибати ғайриҳирфавии масъулони қабули шаҳрвандони сафорат гуфтаанд.
Онҳо гуфтаанд, ки пештар барои номнавис шудан дар рӯйхати шаҳрвандоне, ки ба кишвар бармегарданд муроҷиат кардаанд, ки аз чор нафар се нафарашон билет дарёфт кардаанду як нафарашон не.
РЕН ТВ аз қавли як манбааш хабар медиҳад, ки вақте кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса омадаанд, як нафари ба унвони гумонбар, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд.
Ин торнамо навиштааст, ки дар натиҷаи ҳамла бинӣ ва ангушти дасти рости яке аз ҷабрдидагон шикастааст, ки ӯро ба бемористон бурдаанд.
Ба гуфтаи манбаъи “Азия-Плюс” аз рӯйи ин ҳодиса шуъбаи пулиси Пресненскии Маскав парванда боз кардаву гумонбаронро пурсуҷӯ кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Гулистон
Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар форуми сайёҳӣ дар Кореяи Ҷанубӣ
Тоҷикистон дар семоҳаи аввал ба ҳамсояҳо қариб ба 7,2 млн доллар барқ фурӯхт
Миёни ду донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон ва нӯҳ донишгоҳи Ӯзбекистон созишнома имзо шуд
Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Дар 10 минтақаи Русия фаъолияти муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳоро манъ карданд
“Чанд ҳавопаймои бесарнишин сарнагун шуд”. Исроил ба Эрон ҳамлаи ҷавобӣ кард?
Ирсоли 3,5 ҳазор тонна кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба осебдидагони Қазоқистон
Тақсими об дар Осиёи Марказӣ: барои обёрӣ ва баҳри Арал
Ҳабси маъмурӣ ва маҳрумият аз ронандагӣ. Вокуниш ба навори “Азия-Плюс”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста