Дар роҳҳои мошингарди Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат бар асари ҳодисаҳои садамаи нақлиёт 5 нафар ҷон бохтанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ҳодисаи аввал, ки рӯзи 11 октябр дар роҳи Душанбе - Бохтар, дар қаламрави ноҳияи Хуросон рух додааст, трактори мумфаршкунандаи роҳ (каток) аз болои мошини боркаш зери идораи сокини 60-солаи ноҳияи Вахш ба роҳ афтода, ба мошини паҳлӯи роҳ қарордоштаи “Опел-Астра” бармехӯрад ва зани 45-солаи сокини маҳаллии дар канори роҳ истодаро пахш мекунад, ки дар натиҷа зан аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат дар қаламрави ҷамоати ба номи К.Исмоилови ҳамин шаҳр аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Абдукарим Қурбонзодаи 59-соларо пахш мекунад, ки дар натиҷа пиёдагард аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон ҳалок шудааст.

Боз ҳамин рӯз ронандаи автомашинаи “КамАЗ” Муҳаммад Савзазодаи 45-сола, сокини ноҳияи Восеъ дар қаламрави шаҳраки Москваи ноҳияи Ҳамадонӣ хонандаи синфи 10-умро бо мошинаш пахш мекунад, ки бар асари он мактаббача ар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳодисаи дигари дар ин рӯз рухдода ронандаи автомашнаи “Опел-Астра” Муним Холматов дар қаламрави деҳаи Оби Зулоли шаҳри Истаравшан назорати идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба автомашинаи “Мерседес-Бенс” зери идораи Илҳмоҷон Музаффаров бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи “Опел -Астра” дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.

Рӯзи 9 октябр дар роҳи Душанбе - Хуҷанд, дар қаламрави деҳаи Тагоби Хушекати ноҳияи Айнӣ ронандаи автомашинаи “Тойота-Прадо”, соҳибкор Ҳасан Ҳабибуллоеви аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба ҷарии чуқуриаш 700 метр сарозер меравад ва бар асари он ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, сабабу ҳолатҳои рух додани ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.