Аз ҳодисаи сӯхтор рӯзи 7 ноябр (шанбе) дар шаҳри Самараи Русия 4 нафар муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳалок шудаанд. Муайян кардани шахсияти онҳо алҳол муяссар нашудааст, зеро ҷасадҳо хеле зиёд сӯхтаанд. Барои ин аз хешовандони онҳо дар Тоҷикистон дархост намудаанд, ки аз ташхиси ДНК (Дезоксирибонуклеиновая кислота) гузаранд.

Ҳодисаи сӯхтор рӯзи 7 ноябр дар бинои сеошёнаи хиштӣ рух додааст. Оташ майдони 500 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

Тибқи маълумоти Сарраёсати ВҲФ, бар асари сӯхтор 4 нафар ҳалок ва 5 нафар осеб дидаанд. Тавре ВАО-и Русия менависанд, дар бино шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиндагӣ мекардаанд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, сӯхтор бо сабаби расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ дар дохили бино сар задааст.

Гуфта мешавад, Кумитаи тафтишоти Русия нисбат ба молики бино парвандаи ҷиноятӣ боз карда, мард боздошт ва бо қарори суд ба муҳлати 2 моҳ ба ҳабс гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тавре Радиои Озодӣ хабар медиҳад, бар асари ин сӯхтор ду шаҳрванди Тоҷикистон - Оятулло Саломови 20-сола ва Муҳаммадшариф Абдуллоеви 22-сола ба ҳалокат расидаанд. Ҳар ду ҳам сокини шаҳри Хоруғ мебошанд.

Бахтиёр Саломов, бародари Оятулло Саломов ба Радиои Озодӣ хабар додааст, ки ҷасади фавтидагон пурра сӯхта, муайян кардани шахсияти онҳо муяссар нашудааст.

Аз ин рӯ, барои муайян кардани шахсияти ҷасадҳо аз хешовандони фавтидагон натиҷаи ташхиси ДНК дархост шудааст.

“Дар таваллудхонаи рақами 1‑и Душанбе ташхиси ДНК супоридем. Чун фаҳмиданд, ки мусибат дорем, аз мо пул нагирифтанд, вагарна як ташхис то 4 ҳазор сомонӣ будааст”, ‑ гуфтааст ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Пайвандони Оятулло ва Муҳаммадшариф гуфтаанд, ки онҳо моҳи март барои кор ба Русия рафта, дар сохтмон кор мекарданд ва бинои оташгирифта макони хобашон будааст.

Аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар додаанд, ки баъди муайян кардани шахсияти фавтидагон, ҷасади онҳо базудӣ ба ватан фиристода хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.