Соати 19:37 ба вақти маҳаллӣ дар шарқи Тоҷикистон, дар 16 километрии шаҳраки Ғарм заминларза бо қувваи 4,9 балл ба қайд гирифта шуд.

Заминҷунбӣ ҳамчунин дар дигар кишварҳои минтақа - Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон эҳсос шудааст.

Дар бораи харобиҳову зарару зиён ва ҷабрдидгон бар асари ин заминларза алҳол маълумот дастрас нест.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 8 ноябр низ дар ВМКБ, 41 километрии шаҳри Хоруғ заминҷунбии 4,6 балла сабт шуда буд. Инчунин рӯзи 6 ноябр Тоҷикистон ва боз се кишвари дигари Осиёи Марказиро заминларза такон дода буд.

Чанде пеш дар блоги директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук қайд шуд, ки талафоти ҳамасолаи Тоҷикистон бар асари ҳодисаҳои обхезӣ ва заминларзаҳо 400 млн долларро ташкил медиҳад.

Зикр гардида буд, ки теъдоди ҷабрдидагон аз ин офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ ҳар сол то ба 500 ҳазор нафар мерасад.

Ба сурати умум, таъкид намуд намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ҳамасола 10 млрд доллар зарар мебинанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.