Болои хонаи мудири мактаби деҳаи Шӯрмашки ноҳияи Айнӣ, ки дар наздикии кӯҳ қарор доштааст аз баландии наздик ба 250 метр санг уфтода, хонаро ғайри қобили зист кардааст. Ин ҳодиса соати 12:45-и рӯзи 25-уми ноябр рух дода, ба ҷузъ хисороти молӣ, аз хонаводаи 6-нафара касе осеб надидаанд.

Сардори бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ Мирзо Мирзошоҳиён ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳоло ин хонаводаро ба ҷойи бехавф, ба яке аз синфхонаҳои мактаби рақами 18-и деҳаи Шӯрамашк кӯчонидаанд.

“Ин хона дар минтақаи хавфнок ҷойгир буд. Санги тахмин 50 кило аз кӯҳ фаромада боми хонаро сӯрох карда дохили хона афтодааст. Дар натиҷа боми хона сӯрох шуда таҷҳизоти дохили хона зарар дидаат, ки хисорот тахмин 3 ҳазор сомонӣ аст. Мо ҳамроҳи масъулини мақомоти иҷроияи ноҳия он хонаро рафта дидем. Айни замон барои ҷудо намудани қитъаи замин ба ин оила аз минтақаи бехавф мақомоти иҷроия чораҷӯйӣ карда карда истодааст”.
1/6

Аъзои 6-нафараи хонаводаи Самариддин Бердиев, ки гуфта мешавад директори мактаби миёнаи рақами 18-и деҳаи Шӯрмашк мебошад, ҳоло дар яке аз синфхонаҳои мактаб ба сар мебаранд.

Рӯзи 1-уми декабр раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода ҳам ба маҳалли ҳодиса рафта, бо сокинон мулоқот кардааст. Ӯ гуфтааст, мақомот чораҳои махсусеро меандешад то сокинони ин маҳали хатарзоро ба ҷойи бехавф кӯчонад.

Гуфта мешавад, ки дар деҳаи Шӯрмашк 7 хонаводаи наздик ба кӯҳ ба сар мебаранд, ки ҳар лаҳза хатари сангфароӣ аз баландӣ ба онҳо таҳдид мекунад.

Комиссияи ҳолатҳои фавқулода низ мегӯяд, ҳоло ба ҷузъ оилаи Бердиевҳо боз чаҳор хонаводаи дигарро низ дар бинои идораи хоҷагии деҳа ҷой доданд.

Сардори бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Айнӣ мегӯяд, дар оянда хонаводаҳои дар ҷойи хавфнок қарордоштаи деҳаи Шӯрмашк дар сурати ҷудо шудани замин дар ҷойи бехавф баро худ манзил бунёд мекунанд ва ё мақомот онҳоро ба қатори муҳоҷирони экологӣ ҳамроҳ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.