Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти духтари зане, ки дар як навори видеӣ идда мекард духтаронаш барои хона ӯро бо корд задаанд, хабар дод.

Ба иттилои дафтари матбуоти РВКД шаҳри Душанбе ин зан сокини 50-солаи маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе Азизова Моҳира Меликовна будааст, ки аз сӯйи духтараш Азизова Хосият Раҳматуллоевна рӯзи 24-уми ноябр бо корд захмӣ карда шудааст.

Ҳарчанд зан дар наворе, ки қаблан расонаӣ шуда буд, далели аз сӯйи духтараш бо корд захмӣ шуданашро барои кашида гирифтани хонааш гуфта буд, аммо РВКД далели ин кордзаниро “бар асари як нофаҳмии оилавӣ” гуфтааст.

РВКД ҳамчунин аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Азизова Хосият бо моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ парвандаи хабар дода, мегӯяд, ки таҳқиқи он идома дорад. Дар наворе, ки қаблан расонаӣ шуда буд, ҳамчунин ин зан аз бетафовутии мақомот низ шикоят мекард.

Азизова Моҳира ба гуфтаи РВКД то ҳанӯз дар беморхона қарор дорад.

Пулис то субҳи имрӯз аз расонаӣ кардани ҳувият ва ному насаби ин зан ва духтаронаш худдорӣ мекард. Аммо таҳқиқи мустақилонаи “Азия-Плюс” дирӯз маълум карда буд, ки ин зан Моҳира ном дошта, сокини шаҳри Душанбе, маҳаллаи Зарафшон буда, беш аз 50 сол дорад. Ин зан дар назди биное, ки зиндагӣ мекунад ба фурӯхтани шириниҳо ва бозичаҳои кӯдакона машғул буда, аз даромади он зиндагии худро пеш мебарад.

Бояд гуфт, ки тӯли чанд рӯз мешуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ин зан, ки дар беморхона дар бистар қарор дорад,  чарх мезад. Дар ин навор ин зан қисса мекунад, ки аз ҷониби духтараш бо корд захмӣ карда шудаст. Ин навор аз сӯйи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сар судоҳои зиёдеро ба бор оварда, корбарон духтари ин занро барои раво дидани чунин амал нисбат ба модараш маҳкум карда, нафрин хондаанд.

Азизова Хосият Раҳматуллоевна, ки бо гумони бо корд захмӣ кардани модараш боздошт шудааст
dushanbepolice.tj

Ба иддаои ин зан дар навор духтаронаш ба хотири хонааш мехостанд ин корро бикунанд ва хонаро кашида бигиранд. Зан дар навор аз он шиква мекунад, ки ӯ ин амали фарзандашаро намебахшад ва чунин фарзандро дар ин дунё ва охират бояд дор бикашанд.

Зан, ки дар беморхона қарор дорад, дар навор муроҷиат карда мегӯяд, ки ӯро фарзандони худаш ба ин ҳол гирифтор кардаанд, духтари бузургаш ҳамроҳи духтари панҷум: Шоира Азизова ва Хосият Азизова.

“Соатҳои нӯҳ буд, ҳамроҳи як набераам даромадам, ки хоб равам. Духтари калониам Шоира бо телефон гап мезад. Тарсидам, чунки як ҳафта боз ин нақшаашонро мекашиданд. Тарсидам, хестам, рафтам, даррав дарро қуфл кардам. Кордчаро гирифту омад. “Беваи сиёҳ, беваи падарлаънат кушо дарро! – гуфт.  Дарро зад, зад бо шатта. Кӯдак метарсад гуфта, дарро кушодам.  Калонӣ гуфта будааст, ки дар дилаш бизан, вале ба дилам нарасид, ба як тарафи қафаси синаам зад. Калонӣ духтари хурдиамро ҳаво дод, ки ҳамин хел кун, духтари хурдиам ҳамин хел кард. Ман, модар, ҳамин хел фарзандро намебахшам. Барои хонаи худам маро чунин карданд. Ин хел фарзандро дар ин дунёву он дунё дор бикашанд. Аз фарзандонашон бубинанд! Ҷазояшонро Худованд бидиҳад! Ҳеҷ чораи дигар надорам мани бебача” – мегӯяд ин зан.

Ҳамсояҳои Моҳира ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳодиса, тақрибан ҳафтае пеш рух дод ва танҳо баъди баланд шудани овоз ва ҷангу ҷанҷол огаҳӣ ёфтаанд.

“Овоз баланд шуд ва огаҳӣ ёфтем, ки Моҳирахола аз ҷониби духтараш бо корд захмӣ шудаст. Мошин омад ва ӯро ба он савор карда бурданд. Мегӯянд ҷанг барои хонаи се ҳуҷраӣ шудааст, ки соҳиби хона Моҳирахола мебошад. Ӯ панҷ духтар дорад ва чанд нафари онҳо оиладор ҳастанд. Ҳамроҳи Моҳирахола ду ё се духтараш зиндагӣ мекунанд. Ҳоло дар хонаи онҳо касе нест”, - гуфт ҳамсояи Моҳирахола.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.