Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, дар қитъаҳои роҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Лахш, Кӯлоб-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғоб хавфи баланди тармафароӣ вуҷуд дорад.

Дар ин робита Кумита бори дигар аз аҳолӣ боисрор дархост мекунад, ки аз сафару сайругашт дар қитъаҳои дорои хатари фаромадани тарма худдорӣ намуда, ҳушёриву эҳтиёткориро аз даст надиҳанд.

“Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон ё дар қитъаҳои тармафаро ронандагонро лозим аст, ки масофаи муқарраршудаи ҳаракатро байни автомашинаҳо қатъиян риоя кунанд. Дар роҳҳо ҳушёру эҳтиёткор бошед. Ҳаёти худро зери хатар нагузоред”, - гуфта мешавад дар маълумот.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.