Пулиси Душанбе ба таҳқиқи наворе пардохтааст, ки  дар он як зан шикоят мекард, ки аз сӯйи духтаронаш кордборон шудааст. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, фарзандони  ин зан барои бозпурсӣ даъват шудаанд ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Пулиси Душанбе аз расонаӣ кардани ҳувият ва ному насаби духтарони ин зан худдорӣ мекунад. Аммо таҳқиқи мустақилонаи “Азия-Плюс” маълум кард, ки ин зан Моҳира ном дошта, сокини шаҳри Душанбе, маҳаллаи Зарафшон буда, беш аз 50 сол дорад. Ин зан дар назди биное, ки зиндагӣ мекунад ба фурӯхтани шириниҳо ва бозичаҳои кӯдакона машғул буда, аз даромади он зиндагии худро пеш мебарад (ҷузъиёти дигари зиндагии шахсии ин занро “Азия-Плюс” бо далелҳои ахлоқӣ ва қонунӣ ошкор намекунад).

РВКД дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфт, ки баъди коридани навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарзандони ин занро барои бозпурсӣ даъват кардааст.

Ин ниҳод дар бораи зан ва фарзандонаш  ҷузъиёти бештаре намедиҳад, танҳо мегӯяд, ки “духтарони зан барои суҳбат ба шуъбаи милитсияи шаҳр даъват гардиданд ва бо онҳо суҳбат гузаронида шуд. Айни ҳол тафтишоти ҳодисаи мазкур идома дорад ва маълумоти пурраи он нашр хоҳад шуд”.   

Бояд гуфт, ки тӯли чанд рӯз мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори як зан, ки дар беморхона дар бистар қарор дорад  чарх мезанад. Дар ин навор ин зан қисса мекунад, ки аз ҷониби духтараш бо корд захмӣ карда шудаст. Ин навор аз сӯйи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сар судоҳои зиёдеро ба бор оварда, корбарон духтари ин занро барои раво дидани чунин амал нисбат ба модараш маҳкум карда, нафрин хондаанд.

Ба иддаои ин зан дар навор духтаронаш ба хотири хонааш мехостанд ин корро бикунанд ва хонаро кашида бигиранд. Зан дар навор аз он шиква мекунад, ки ӯ ин амали фарзандашаро намебахшад ва чунин фарзандро дар ин дунё ва охират бояд дор бикашанд.

Зан, ки дар беморхона қарор дорад, дар навор муроҷиат карда мегӯяд, ки ӯро фарзандони худаш ба ин ҳол гирифтор кардаанд, духтари бузургаш ҳамроҳи духтари панҷум: Шоира Азизова ва Хосият Азизова.

“Соатҳои нӯҳ буд, ҳамроҳи як набераам даромадам, ки хоб равам. Духтари калониам Шоира бо телефон гап мезад. Тарсидам, чунки як ҳафта боз ин нақшаашонро мекашиданд. Тарсидам, хестам, рафтам, даррав дарро қуфл кардам. Кордчаро гирифту омад. “Беваи сиёҳ, беваи падарлаънат кушо дарро! – гуфт.  Дарро зад, зад бо шатта. Кӯдак метарсад гуфта, дарро кушодам.  Калонӣ гуфта будааст, ки дар дилаш бизан, вале ба дилам нарасид, ба як тарафи қафаси синаам зад. Калонӣ духтари хурдиамро ҳаво дод, ки ҳамин хел кун, духтари хурдиам ҳамин хел кард. Ман, модар, ҳамин хел фарзандро намебахшам. Барои хонаи худам маро чунин карданд. Ин хел фарзандро дар ин дунёву он дунё дор бикашанд. Аз фарзандонашон бубинанд! Ҷазояшонро Худованд бидиҳад! Ҳеҷ чораи дигар надорам мани бебача” – мегӯяд ин зан.

Феълан ин зан дар беморхона бистарӣ аст. Ҳамсояҳои Моҳира ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳодиса, тақрибан ҳафтае пеш рух дод ва танҳо баъди баланд шудани овоз ва ҷангу ҷанҷол огаҳӣ ёфтаанд.

“Овоз баланд шуд ва огаҳӣ ёфтем, ки Моҳирахола аз ҷониби духтараш бо корд захмӣ шудаст. Мошин омад ва ӯро ба он савор карда бурданд. Мегӯянд ҷанг барои хонаи се ҳуҷраӣ шудааст, ки соҳиби хона Моҳирахола мебошад. Ӯ панҷ духтар дорад ва чанд нафари онҳо оиладор ҳастанд. Ҳамроҳи Моҳирахола ду ё се духтараш зиндагӣ мекунанд. Ҳоло дар хонаи онҳо касе нест”, - гуфт ҳамсояи Моҳирахола. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.