Соҳибхоназани 34-солаи яке аз манзилҳо дар деҳаи Маърифатии ноҳияи Рӯдакӣ, ки рӯзи 5 декабр бар асари таркиши газ осеб дида буд, аз ҷароҳатҳои бардошта ва захмҳои сӯхта рӯзи 10 декабр дар яке аз бемористонҳои Душанбе ҳалок шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон.

Се нафар фарзандони ӯ бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ буда, саробони хона - Мирмат Мастови 36-сола дар муҳоҷират корӣ дар Русия аст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 декабр дар хонаи Мирмат Мастови 36-сола воқеъ дар деҳаи Маърифатии ноҳияи Рӯдакӣ таркиш рух дод. Манзил пурра влангор ва чор нафар бошандагони он - зан бо се фарзандаш бо захмҳои сӯхтаи гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.

Мувофиқи маълумоти КҲФ Тоҷикистон, баъд аз муоинаи мутахассисони Кумита бо асбобҳои махсус (газонализатор) муайян гардид, ки сабаби таркиши газ дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон балони газ набуда, балки аз қубури гази табии диаметраш 325 мм будааст, ки фаъолияти Маркази гармидиҳию барқии шаҳри Душанбе-1-ро таъмин менамояд.

Ин қубур аз назди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон гузашта, ба кадом сабабе он сӯрох гардидаву вориди хонаҳо шудааст ва ба таркиш боис гардидааст.

Маҳз бо ҳамин сабаб рӯзи 5 декабр дар хонаи Алиқул Ҳасанови 62-сола низ таркиш рух дода, бар асари он бародарарӯси номбурда Бобомурод Ҳаитови 36-сола ба ҳалокат расид. Соҳибхона дар беморхонаи №3-и пойтахт бистарӣ шуд. Манзили Ҳасанов қисман тахриб шуд.

Дар робита ба ин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон ба санҷиши ҳамаҷонибаи шоҳқубури гази Музробод-Душанбе, ки гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба кишвари мо тариқи он интиқол меёбад, оғоз намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.