Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе, ки наздикону пайвандонашон дар қабристон ё оромгоҳи маҳаллаи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мадфунанд, шикоят мекунанд, ки дар як соли ахир бори дувум аст, ки сангҳои катибадор ва чапаракҳои оҳанини гирди қабри наздикони онҳоро мекананд, вале чораҷӯйӣ намешавад.
Ин иддао дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд дар соли 2020 барои вандализм ё тахриби қабристон ҳеч нафареро ҷавобгар накардаанду ҳеч касе ҳам муроҷиат накардааст.
Лола Мерганова, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ҳафтаи гузашта ба зиёрати қабри хусусарш, шарқшиноси маъруфи тоҷик Савлатшоҳ Мерганов рафта буданд, ки диданд сангу чапаркаҳои қабр кандаву валангоранд ва чапаракҳову сангҳои баъзе аз гӯрҳои дигарро низ дуздидаанд.
Лола Мерганова мегӯяд, ки дар ин қабристон борҳо аст, ки ин кор такрор мешавад. Ӯ ин корро як навъи вандализм номида, барои ин нозирон ё посбонҳои гӯристонро масъул медонад.
“Ин оромгоҳҳо посбон доранд, камераи назоратӣ доранд, чӣ гуна дар ин ҳолат онҳо садои шикастани санг, ки ба воситаи кадом дастгоҳе оварда бурида шудааст нашуниданд. Садои онро аз дур ҳам шунида мешавад, вале нозирони ин қабристон аз он бехабар мондаанд, ман ҳайронам. Мутаассифона дар ҷомеаи мо сол то сол як намуди ҷиноят - вайронкориҳо дар оромгоҳҳо, ки вандализмаш ном мегиранд авҷ гирифта истодааст. Маҳз чунин вандализм дар оромгоҳи Шоҳмансур пеш аз Соли нав рух дод”.
Сокиноне, ки наздиконашон дар ин қабристон ба хок супрда шудаанд, мегӯянд, ки мутаассифона кадом як гуруҳу нафарони беимоне чапаркҳои оҳанӣ ва сангҳои чандин қабрҳоро канда дуздида бурдаанд.
Дар ҳамин ҳол сару садо аст, ки ин кор аз сӯйи ноболиғоне карда мешавад, ки сангҳоро бурда барои ороиш мефурӯшанду оҳанпораҳои чапаракаҳоро ба харидорони филизоту оҳанпораҳо савдо мекунанд. Ин сокинон ҳам муътақиданд, ки сангҳову чапаракҳои сари қабрҳоро барои фурӯхтан мекананд.
Лола Мерганова мегӯяд, ки ин бори аввал нест, ки чунин кор сурат мегирад. “Ҳамин гуна ҳолат дар соли 2019 низ рух дода буд. Он вақт ҳам қабри хусури маро тахриб карда буданд. Ба нозирони шуъбаи корҳои дохилии ин ноҳия муроҷиат кардем, нафарони харобкорро ёфта сангро баргардониданд аммо мо ин сангро нагирифтем. Аз сари нав санги нави харида мондем, аммо мутасифона боз чунин ҳолат рух дод”.
Лола ва сокинони дигареро, ки қабри наздиконашон тахриб шудааст ин нигарон кардааст, ки ин қазияҳо вақтҳои ахир зиёд шудаанду касе даст ба кор намешавад.
Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд дар соли 2020 касеро барои тахриби қабристон ё вандализм ба посухгӯйӣ водор накардаанд ва дар ин замина шикояте ҳам ворид нашудааст.
Нусратулло Маҳмудзода сардори Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон мегӯяд, ки агар сокиноне, ки шикоят доранд ба ниҳоди онҳо муроҷиат мекарданд, ҳатман аз тарафи кормандони онҳо чораҳо дида мешуд.
“Ягон нафар муроҷиат накардааст. Ин ҳолатҳо бисёртар байни мардум мемонанд, яъне ин ҳолатҳо ҳастанд, аммо ба ВКД муроҷиат намекунанд. Аз ҳамин сабаб байни мардум мемонад. Умуман, дар соли 2020 ягон ҳолати вандализм дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст”.
Вале Маҳмудзода ҳам мегӯяд, ки ин корҳо ба назар мерасад ва аксаран аз сӯйи кӯдакон оҳанпораҳо дуздида мешаванд ва ин ҷо беназаоратии падуру модар ҳам ҳаст.
Дар ҳамин ҳол, сардори Муассисаи давлатии Раёсати оромгоҳҳои шаҳри Душанбе Соҳиб Рабизода ҳам ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар ҳақиқат, мо пас аз муроҷиати сокинон рафта дидем. Ин ҳолат дар оромгоҳ рух додааст. Агар онҳо бираванду ба ШВКД Шоҳмансур муроҷиат кунанд, мо ҳамкорӣ мекунем то чораҳое андешида шавад.
“Ростӣ гап, дар соли 2020 мо ду маротиба дар мавриди дар оромгоҳҳои шаҳри Душанбе зиёд шудани одамони нашъаманд ва масту аласт муроҷиат кардем, ки нисбати онҳо чорае андешида шавад. Аммо то кунун ба мактубамон ҷавоб нагирифтем”,-гуфт ӯ.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Боздошти 9 сокини шаҳри Ваҳдат дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳолл”
Тоҷикистон шумори квотаҳоро ба ҷалби қувваи кории хориҷӣ то 6,5 ҳазор адад кам кард
Дар Кӯшониён аз беназоратии волидон духтарчаи 4-сола ғарқ шуд
“Бародараш дар Сурия аст, худ ба Тоҷикистон омаданӣ буд”. Падари як гумонбари ҳамла ба “Крокус” боз чӣ гуфт?
Ҳалокати 5 нафар дар роҳи Душанбе - Чаноқ. Кӯдак ба таври муъҷизанок зинда монд
“Қарзи инсонии худро иҷро кардем”. Чӣ гуна тоҷикон шаҳрвандони Русияро наҷот медиҳанд?
Падари Исломовҳо аз болои қарори ҳабсашон тибқи парвандаи “Крокус” шикоят бурд
Худкушии як донишҷӯ дар хобгоҳ. Ин ҳодисаи дуввуми марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст
Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод
Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста