Ҳодисаи садамаи нақлиёт рӯзи 5 январ дар километри 146-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рух дод: автомашинаи боркаш ба ҷарии  чуқур сарозер шуд. Соати 12:10 ба рақами навбатдори фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи ин ҳодиса огоҳӣ расид.

Зикр шуд, ки дар наздикии ҷамоати деҳоти Хушекати ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҳодисаи садамаи нақлиёт рух додааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан”, сокини 53-солаи ноҳияи Шаҳристон ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба самти Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба ҷариии чуқуриаш 300 метр сарозер шудааст, ки дар натиҷа ронанда дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст”, - гуфт ӯ.

Наҷотбахшон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ба ҷарӣ фаромада, бо истифода аз асбобу лавозимоти махсус ҷасади ронандаро аз мошини пачақшуда берун оварданд ва ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳамеша ҳушёриро аз даст надода, ҳамаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин реҷаи суръатро риоя намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.