Як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон дар натиҷаи таркиши зарфи газ дар яке аз нуқтаҳои фурӯши шаурма дар шаҳри Ростови Русия ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад DonDay.ru.

Аз ин шаҳрванди Тоҷикистон Шуҳрат С. номбурда мешавад, ки дар ҳамин нуқтаи шаурмафурӯшӣ кор мекардааст ва дар беморхона ҷон додааст. Бино ба хабари нашршуда бадани ӯ 100 дар сад сӯхтааст. Ҳамкори вай ҳам бар асари ин таркиш хисорот дидааст ва баданаш сӯхтааст, ки дар беморхона бистарӣ мебошад. Духтурон вазъи ӯро ҳам хеле вазнин гуфтаанд. 

Нуқтаи шаурмафурӯшӣ шоми дери 7-уми январ оташ гирифтааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳангоми сӯхтор бархе аз муштариён ҳам зарар дидаанд. Бадани яке аз онҳо то 45 дар сад сӯхтааст.

Барои хомӯш кардани оташ 38 наҷотдиҳанда омадааст, ки дар давоми чанд соат сӯхторро хомӯш кардаанд. 


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.